Экология

АКСИЯИ ТОЗАГИИ СОҲИЛ  ВА МАҲАЛ ДАР ШАҲРИ  ТУРСУНЗОДА

print

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр ва ҷалби шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, инчунин амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», инчунин нақшаи ташкил ва гузаронидани аксияҳои «Тозагии соҳил – 2020» ва «Тозагии маҳал» дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рӯзҳои истироҳатӣ  бо ишгтироки беш аз 5000 нафар аҳолӣ корҳои тозагӣ дар соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент, маркази шаҳр ва деҳот гузаронида шуд. Дар натиҷа беш 5 км соҳили дарёҳо аз партовҳои маишӣ, аз қабили зарфҳои пластикӣ, хасу хошок ва дигар намуди партовҳо тоза гардиа, бо аҳолии соҳилнишин вобаста ба тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории тозагии маҳал бошад,  шафати шоҳроҳ то сарҳади Чумҳурии Ӯзбекистон, кӯчаҳои маркази шаҳр   ва ҳудуди деҳаот аз партовҳо, алафҳои бегона ва ғайра тоза гардида, дар натиҷа беш аз 20м3  партовҳо аз соҳил ва ҳудуди маҳал ба пратовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуд. Дар ин замина бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз ҷониби командони ташкилоту идораҳо ва сокинони фаъол дар қитъаҳои вобасташуда ва назди бинову иншооти маъмурию истиқоматӣ зиёда аз 5 ҳазор бех гули садбарг ва дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида шуд. Тибқи нақша  аксияҳои тозагии соҳил ва маҳал то моҳи ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

САМТИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ ШҲМЗ-И Ш. ТУРСУНЗОДА                        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *