Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

 РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2019  

print

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар соли 2019 ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр кӯшиш ба харҷ дод. Соли 2019 бо шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, якҷоя бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 320 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ баргузор шуд. Инчунин  вобаста ба тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ба кор оғоз намудани агрегати дуюми НБО “Роғун” миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардид. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, 32 озмуну фестивал ва 294 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуд. Дар соли 2019 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 56 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон, 38 қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 137 бандҳои супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 865 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 560 супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1681 мактубҳои ноҳиявӣ (дохилишаҳрӣ) ва 265 барқияҳо, дар маҷмӯъ 5775 аризаҳои шаҳрвандон ворид шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро ва аризаҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 1640 қарор ва 187 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб расиданд. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 443 нафар шаҳрванд қабул ва дархостҳои онҳо баррасӣ шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор шуда, дар он 43 масъалаҳо баррасӣ ва 84 қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар доираи имкониятҳо шароитҳои мусоидро фароҳам овард. Чораҳои андешидашуда имкон доданд, ки истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ ба маблағи 2 млрд. 515,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160,2 млн. сомонӣ (6,8 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин давра соҳаи саноат – 5,2  фоиз, кишоварзӣ – 5,2 фоиз, савдо – 9,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ – 11,0 фоиз ва сохтмон 2,9 фоиз афзоиш ёфтанд. Қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 96,5 фоиз иҷро гардида, 150,3 миллион сомонӣ ворид шуд. Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби ба иҷора додани молу мулки давлатӣ ба буҷет 434,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷет 95,7 фоиз иҷро гардида, 124,0 миллион сомонӣ хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маблағгузорӣ шуданд. Таҳлили хароҷот нишон дод, ки 97,0 фоизи маблағҳои хароҷоти буҷет барои пардохти фонди музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва пардохти нафақа чораҳои зарурӣ андешид. Дар давраи ҳисоботӣ нисбати маъюбон ва эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба 1343 нафар ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина расонида шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ба 2574 оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ 805,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин дар арафаи идҳои Саиди Фитр ва Қурбон аз ҳисоби кормандон, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ ба оилаҳои камбизоату ятимон, иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва эҳтиёҷмандон ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд. Бо мақсади дастгирии маъюбон ва барҷомондагон 28 адад алобачаи маъюбӣ, 5 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда, 33 адад асо, 10 ҷуфт асобағал, 5 адад асо то оринҷ  ва 55 ҷуфт пойафзолҳои ортопедӣ дастрас гардонида шуд. Дар шаҳр шумораи нафақахӯрон 24090 нафарро ташкил дод, ки талаботи солона барои пардохти нафақа 90,5 млн. сомониро дар бар гирифта, пурра маблағгузорӣ карда шуд. Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд. Мувофиқи маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1854 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 960 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногун бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорон дар шаҳр 2829 адад  ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Дар шаҳр 9 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 103 нафар бо ҷойи  кори доимӣ  таъмин гардиданд. Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 14880 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бозгашти онҳо 981 нафарро ташкил дод, аз ҷумла шумораи он шаҳрвандоне, ки ворид шуданашон (депортатсия) ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, 435 нафарро дар бар гирифт. Дар  давоми соли 2019 аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳисоби пули миллӣ 1 млрд. 90 млн. сомонӣ маблағҳо интиқол гардиданд, ки нисбат ба соли 2018 – 126,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии аҳолӣ аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд 225,3 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо гардиданд, ки ин нисбат ба соли 2018 – 37,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар асоси дастури муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми давлат саноатикунонии кишвар муайян гардид. Вобаста ба ин  ҷиҳати васеъ гардонидани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ва дар ин замина таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Шаҳри Турсунзода шаҳри саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 870,4 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,2 млн. сомонӣ (5,2%) зиёд аст. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 440,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 млн. сомонӣ (8,7%) зиёд мебошад. Истеҳсоли алюминийи аввалия бо вазни қиёсӣ 100,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 дар ҳаҷми  5,8 ҳазор тонна (6,1%) зиёд мебошад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам              Пешвои миллат вобаста ба саноатикунонии мамлакат дар шаҳр мо бояд фаъолияти корхонаҳои саноатиро ривоҷ дода, коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Аммо таҳлили маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар давоми соли 2019 дар шаҳр 7 корхонаҳои саноатӣ фаъолият накарда, 11 корхона кам истеҳсол кардаанд. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП -1059 ба тасвиб расид. Дар робита ба ин, тибқи амри раиси шаҳри Турсунзода “Рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилии шаҳр” эълон гардида, дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонида шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар деҳот аёдати шахсони барҷомондаву хизматнишондода, маъюбон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба роҳ монда, аз тарафи “Корвони саломатӣ” ба 32620 нафар хизматрасониҳои тиббии ройгон расонида шуд. Бо мақсади ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, хубтару беҳтар намудани фаъолияти бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва огоҳонии мардум аз хавфи бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо мардум дар ҳар як деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Вобаста ба иҷрои Амри Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода бунёд ва барқарорсозии беш аз 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 133 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси раиси шаҳр ва дастгирии соҳибкорону аҳолӣ 15 км таъмири мукаммал ва зиёда аз 71 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардид. Инчунин  дар ин давра 2 кӯпруки мошингузар мавриди истифодабарӣ  қарор дода шуд. Рӯзи 9 сентябри соли 2019 агрегати 2-юми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор шурӯъ намуда, дар  мамлакат истиқлолияти энергетикӣ ба даст омад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 277,4 млн. кВ/соат  қувваи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 млн. кВ/соат зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шаҳр, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ), инчунин  барқароркунии системаи иншоотҳои обтаъминкунӣ  дар шаҳри Турсунзода ду лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода” маблағи 4 млн. 995 ҳазор долларро ташкил дода,  аз оғози татбиқи лоиҳа иҷрои он 4 млн. 219,4 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба 82 фоиз баробар мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр маблағи пардохти партовҳои сахти маишӣ дар ҳаҷми 4 млн. 866,4 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба соли 2018 – 4,6 фоиз  зиёд мебошад. Дар соли 2019 аз ҷониби муассисаи манзилию коммуналӣ 260 ҳазор гулҳои ороишиву мавсимӣ дар кучаҳои шаҳр шинонида шуда, айни ҳол дар гармхонаи муассиса 8000 адад қаламчаи гули садбарг ва 20 ҳазор адад гулҳои ороишии мавсимии ҳархела парвариш ёфта истодаанд. Инчунин 150 адад лампаҳои равшанидиҳанда дар ҳудуди кӯчаҳои шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон дар вақти гузаронидани рӯзҳои мақомот дар якҷоягӣ бо муассиса насб карда шудааст. Аз тарафи Минтақаи истеҳсолии техникии шаҳр 3 млн. 864 ҳазор м3 ба истеъмолкунандагон тибқи нақша  оби ошомиданӣ расонида шуд. Айни замон дар шаҳр татбиқи барномаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020 дар асоси созишномаи сармоягузорӣ миёни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Маблағи созишнома 6,8 млн. долларро ташкил дода, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ  98 фоизи маблағи созишнома аз худ карда шудааст. Соҳаи муҳими иқтисодиёти шаҳр ва  манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо озуқа  соҳаи кишоварзӣ  мебошад. Бо  дарназардошти ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати асосиро ба ин соҳа равона карда, барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар хусуси самаранок истифода бурдани замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ривоҷ додани боғу токпарварӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои лозимиро амалӣ намуд. Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 606,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба соли 2018 – 30,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 469,3  млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 136,8 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 2924 тонна пахта, 42597 тонна ғалладона, 8786 тонна картошка, 99347 тонна сабзавот, 6025 тонна полезӣ, 5250 тонна меваҷот, 27753 тонна ангур,  5925 тонна гӯшт, 25881 тонна шир,  12,1 тонна пилла, 84,7 тонна пашм, 35,5 тонна асал ва 4 млн. 117 ҳазор дона тухмро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018 картошка 10 тонна, сабзавот 6449 тонна, меваҷот 52 тонна, ангур 2005 тонна, шир 1434 тонна, пилла 100 кг, асал 1,5 тонна, 3706 тонна ғалладона, гӯшт 240 тонна ва тухм  1 млн. 434 ҳазор дона зиёд буда, пахта 1110 тонна ва полезӣ 123 тонна кам истеҳсол шудааст. Дар хоҷагиҳои шаҳр нақшаи баррагирӣ 100,2 фоиз иҷро гардид. Оид ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар заминҳои лалмӣ ва таллу теппаҳо 45 га. боғу токзорҳо бунёд гардид, ки аз он 15 га токзор ва 30 га боғи чормағзи навъӣ туркӣ мебошад. Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 12609 га шартнома баст, ки маблағи он 1 млн. 856 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар ин давра ҷамъоварии маблағ 2 млн. 61 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки 111 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон дар шаҳр аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, танҳо дар соли 2019 – 4 сардхона бо ғунҷоиши 320 тонна ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ сохта ба истифода додани 3 сардхонаи дигар пешбинӣ мегардад. Айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 25 сардхона бо ғунҷоиши 5480 тонна мавҷуд аст. Дар соли 2019 аз шаҳри Турсунзода маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 67 ҳазору 872 тонна ба дигар шаҳру ноҳия ва берун аз кишвар содирот шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3548 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра содироти помидор 3569 тонна, бодиринг 7730 тонна, ангур 15945 тонна, картошка 4407 тонна, пиёз 26636 тонна, мевагӣ 1804 тонна ва дигар сабзавотҳо 5573 тоннаро ташкил дод. Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр соли 2019 шинонидани 22042 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ба нақша гирифта, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоатҳои деҳот ва корхонаву ташкилотҳо  32908 бех ниҳолҳо ва зиёда аз 292,5 ҳазор бех гулҳои садбарг ва  мавсимӣ шинонида шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Масъулини соҳа ҷиҳати татбиқи барномаҳои соҳавии давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва шаҳрдории сокинон 642 суҳбату мулоқотҳо доир намуд. Вохӯриҳои мазкур бо иштироки кормандони бахшу сохтори соҳа, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардида, зимни он муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши муҳтарам Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, татбиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» шарҳу тавзеҳ гардида, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ дар соли 2019 барои бартарафсозии мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, дар назди 6 муассисаи таълимӣ 38 синфхонаҳои иловагӣ ва 1 толори варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, ин иқдоми созанда идома дорад. Дар шаҳр 5 муассисаҳои таълимии касбӣ, аз ҷумла Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи металлургӣ, Литсейи касбии металлургӣ, Коллеҷи тиббӣ ва муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» фаъолият дошта, дар муассисаҳои мазкур 5268 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳр ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 1 маркази саломатии шаҳрӣ, 21 клиникаҳои хусусии ташхисию табобатӣ ва бистарикунонӣ, 29 маркази саломатии деҳавӣ, 50 бунгоҳи саломатӣ ва 10 маркази махсусгардонидашудаи пешгирии бемориҳо фаъолият доранд. Ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизмати тиббӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар соли гузашта дар шаҳр 2 маркази саломатӣ  ва 1 нуқтаи доругузаронӣ сохта, ба истифода дода шуда, ин раванд идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои шаҳр ба 34075 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида шуд, ки теъдоди беморон нисбат ба соли гузашта 8637 нафар зиёд мебошад. Дар соли 2019 дар беморхонаҳои шаҳр 8493 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки нисбати  соли гузашта 46 кӯдаки навзод зиёд мебошад. Дар давоми сол 1008 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд, ки мутаносибан аз соли гузашта 21 нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии фавт кӯдакони синни то 18 сола 201 нафар, кӯдакони то 1 сола 135 нафарро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории норасоии масъунияти одам 38 нафар беморро ба қайд гирифт, ки ин нисбат ба соли 2018 -13  нафар зиёд аст. Бо мақсади назорати вазъи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар 318 муассисаю ташкилот ва корхонаҳо санҷиш гузаронида, дар натиҷа бо дарназардошти гузаштани мӯҳлати истифодабарӣ 2018 кг. маҳсулотҳои қаннодӣ, ширӣ, гуштӣ,  62 литр машруботҳои спиртӣ ва 786 литр нушокиҳои ташнашикан аз муомилот гирифта шуд. Дар ин давра нисбати 718 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 128425 сомонӣ ҷарима муқаррар гардида, ба буҷет гузаронида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавонондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо аз ҳисоби бонувони фаъол ва занони рӯзғордидаву собиқадор комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода шуда, беш аз 50 суҳбату вохӯриҳо дар мавзӯъҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ баргузор карда шуд. Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи ҳисоботӣ 20 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2018 4 ҳолат зиёд мебошад. Дар соли 2019 аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 2588 ақди никоҳ ва 454 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд. Дар муқоиса нисбат ба соли 2018 – 204 ҳолати қайди никоҳ  кам гардида, 56 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ зиёд мебошад. Дар соли 2019 бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим,таъмини иштироки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аҳамияти зарурӣ дода шуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 285 медал, аз ҷумла 81 медали тилло, 99 медали нуқра ва 105 медали биринҷиро ба хазинаи дастовардҳо ворид намуданд. Новобаста аз дастовардҳо масъулини бахши ҷавононон ва варзишро мебояд дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, донишу касбомӯзӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат корҳои тарғибу ташвиқотиро ҷоннок намоянд. Ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 294 чорабинии гуногуни фарҳангӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2018 – 54 чорабинӣ зиёд мебошад. Дар ҳудуди шаҳр 33 китобхона фаъолият дошта, дар он 192703 нусха китоб маҳфуз буда, дар ин давра 209538 нусхаи он дар гардиш қарор гирифт. Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти сарбозон ба дидбонгоҳҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр 1248 китоб тақсим карда шуд.      Бояд қайд намуд, ки 12 китобхонаи деҳавӣ дар давраи ҳисоботӣ аз таъмири ҷорӣ  бароварда шуданд. Дар соли 2019  аз ҷониби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф,  занон, хадамоти назорати кор бо ноболиғон ва наврасону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати пешгирии ҷиноят миёни ноболиғон, дур намондан аз мактаб,  пешгирии худкушиву худсӯзӣ миёни ноболиғон 70 суҳбату вохӯриҳо ва 28 рейдҳо гузаронида шуд. Ҳарчанд ки суҳбату вохӯриҳо нисбатан зиёд гардида бошад ҳам, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 14 ноболиғ 40 ҳолати ҷиноят содир шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҷиноят зиёд мебошад. Ҷиҳати иҷро нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 11 нафар падару модар протоколҳо тартиб дода шуда, барои чораҷуӣ ба суд ирсол гардид. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби масъулин 1044 вохӯриву мулоқот, корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва 16 семинару машварат баргузор шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш дар қаламрави шаҳр 4530 тӯйи домодиву арусӣ, 294 маросими чил ва 228 маросими сол ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ 5052 маъракаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 115 маърака кам гузаронида шуд. Бо мақсади эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” моро мебояд корҳои ободониро вусъат дода, рушди деҳотро таъмин ва сатҳи неқуаҳволии сокинони маҳалро тадриҷан боло бардорем. Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди деҳот то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани боз 197 иншооти гуногуни иҷтимоӣ, савдо ва хизматрасонӣ боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, масъулини ҷамоатҳои деҳотро зарур аст, ки  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва сокинони деҳот иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва рушди деҳотро таъмин намоянд. Дар баробари ин ҷиҳати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” чораҳои зарурӣ андешида, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, нақшаҳои буҷет, таъмини сохтори кишт ва даъвати ҷавононро  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро намоянд. Барномаи рушди шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019 соли гузашта ба анҷом расида, иҷрои пурраи он таъмин нагардид. Барномаи мазкур дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми худро гузошт. Барнома ҳамчун санади асосии шаҳр самтҳои афзалиятноки рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро муайян намуда, ба баланд гаштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд. Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ аз 173 лоиҳа 128 лоиҳа ба маблағи умумии 496,6  млн. сомонӣ амалӣ гардида, 91 фоизи Барнома ташкил намуд. Омили асосие, ки боиси иҷро нагардидани Барнома шуд, ин ба таври реалӣ ба инобат нагирифтани имкониятҳои соҳибкорон буд. Сабаби дигари иҷро нагардидани Барнома зимни таҳияи он пешбинӣ гардидани 16 лоиҳаи манбаи маблағгузориашон номуайян, ки 13,5 млн. сомониро дар бар мегирифт. Инчунин аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷудо нагардидани маблағҳои пешбинишуда дар ҳаҷми 23 млн. сомонӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2024 Амри Раиси шаҳр аз 2 июли соли 2019 ба тавсиб расида, дар асоси он гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар асоси пешниҳодҳои соҳавӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, ҳадафи чоруми давлат–саноатикунонии мамлакат, имкониятҳои воқеии вазорату идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ, иншооти ҷашние, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудаанд, ба инобат гирифта шудааст. Аз фаъолияти бахшу сохтор, корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳо бармеояд, ки бо вуҷуди пешравиҳо як қатор камбудиҳое мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо дар соли 2020 тадбирҳои зерин андешида шаванд:

  • иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бармеоянд;
  • рушди иқтисодии шаҳр на кам аз 7 фоиз таъмин карда шавад;

– иҷрои қисми даромади буҷет таъмин ва тамоми манбаъҳо ба андозбандӣ ҷалб карда шаванд; – дар доираи меъёрҳои шаҳрсозӣ иншооти бунёдшаванда таҳти назорат қарор гирифта, сохтмонҳои худсарона пешгирӣ гарданд; – иҷрои барномаҳои соҳаи маориф таъмин, сатҳу сифати таълим баланд бардошта шуда, барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ  чораҳои зарурӣ андешида шавад; -бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми давлат –  саноатикунонии мамлакат дар шаҳр бунёди коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ        вусъат дода шавад;

  • пеш аз ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ қабули иншоотҳо ба расмият дароварда шаванд;
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муҳлати муқарраршуда иҷро ва муроҷиати шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ карда шаванд.

       

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *