Истиқлолият неъмати бебаҳо ва шаъну шарафи ҳар як миллат буда, нишонаи асосии пойдории давлат, симои миллат, мазҳари ормонҳои миллӣ ва нуфузу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлол мебошад.
Фарзандони фарзонаи Миллати тоҷик дар тӯли таърих ҷиҳати ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар мубориза буда, миллати озодихоҳи мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба Истиқлолияти воқеиӣ, эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун эъломия дар бораи Истиқлоляити Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар фазои байналмилалӣ бошад 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқи ҷомеаи башарият шинохта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид менамуд, ки Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фарҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Имрӯз ҳар як фарзанди Тоҷикистон назди миллату давлат худ муввазаф мебошад, ки ин неъмати бебаҳои ба мо меросмондаро ҳамчун як гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳ дорем ва барои таҳкими он сайъу талош варзем.
Бо шарофати Истиқлолияти воқеӣ, ки бо ҳиссиёти ватандӯстӣ ва нангу номуси шаҳрвандии ҳар яки мо тавъам аст, халқи кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои меҳнатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардиданд. Дар ин давра шаҳри Турсунзода низ ҳамчун шаҳри дӯстиву бародарӣ тараққӣ ва рушд намуд. Дастгирию кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон, ташрифу сафарҳои кории Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода, осоиштагию оромии кишвар, истиқрори сулҳу ваҳдат, назари неки мардум ба оянда имконият фароҳам овард.
Рӯз ба рӯз ба худ симои зебо гирифтани шаҳр, сохта ба истифода додани биноҳои замонавии маданиву маишӣ, бунёди хиёбону гулгаштҳо, маҷмааҳои савдову хизматрасонӣ, муҷассамаву муассисаҳои фарҳангӣ, рушди соҳаи истеҳсолот, баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии халқ ин ҳама аз файзу нусрати истиқлол аст.
Воқеан имрӯз мардуми Турсунзода шаҳр ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому ихлоси хоса доранд. Сиёсати хирадмандонаи он касро ҷонибдорӣ мекунанд. Ба хизматҳои арзишмандашон арҷ мегузоранд. Шукри сулҳу ваҳдат, осоиштагӣ ва ободию шукуфоии бемайлони Ватани азиз мекунанд.
Аснои мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муроҷиат карда гуфтанд:
„Бовар дорам, ки кишоварзони шаҳр дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани парвариши зироат ва боѓу токзор ҳосили зиёд ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии мамлакат минбаъд низ саҳми муносиб мегузоранд.”
Аз ҳар сафари муҳтарам Пешвои миллат шаҳри мо боз ҳам ободу зеботар шуда, ба як гӯшаи биҳиштосои кишвар мубаддал шудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ халқи шарафманди тоҷик бо роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат мушкилиҳои сершумори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро паси сар намуда, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд карда, барои ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ заҳмат мекашанд. Ба шарофати меҳнати ҳалол ин гӯшаи биҳиштосои дунёро дар ақсои олам машҳур мегардонанд.
Мо мардуми диёри шоир ҳамаҷониба сиёсати хирадмандонаву созандаи муҳтарам Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо шудани кишвари азизамон, тамоми донишу ѓайрати худро равона месозем.
Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки шаҳри Турсунзода пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ба шаҳри орзуҳо, шаҳри дӯстиву рафоқат, ҳамбастагии халқ ва яке аз шаҳрҳои намунавии Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гаштааст.
Фикр мекунем, ки ин андешаҳо бозгӯи боварӣ, меҳру ихлос ва муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба бошандагони ин гӯшаи сарзамин аст.
Воқеан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуршедро мемонад, ки дунёи моро мунаввар намуда, ба қалби мардуми кишвар меҳр, муҳаббат, ҳуввият, назари нек ба зиндагӣ эҳдо менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ халқи шарафманди тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари боору номус ва фарзонафарзанди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои сершумори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро паси сар кард ва ба ҷаҳониён собит намуд, ки онҳо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд карда, барои ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ заҳмат мекашанд. Ба шарофати меҳнати ҳалол ин гӯшаи биҳиштосои дунёро дар ақсои олам машҳур мегардонанд.
Инак, дар остонаи ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш зикри дастовардҳоеро, ки маҳз ба шарофати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, басо бомаврид меҳисобем. Чунки Сарвари дурандешу оқили мо ба рушди тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, мардумро ба корҳои созандагию ободӣ, муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Ин китобчае, ки бо номи «Қадамҳои файзбори Пешво» рӯи чоп омад, як қатрае аз баҳри дастовардҳои кишвар аст ва танҳо чанд падидаи тоза ва пешрафти соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзодаро, ки бевосита аз файзу баракат ва шарофати ин марди шарифу меҳанпараст ба вуқӯъ пайвастааст, дар бар мегирад.
Муаллифи китоб, мушовири адабии Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Файзалӣ Шукур соҳаи кишоварзии ин гӯшаи кишварро таҳлил карда, маводи арзанда ва хонданбоберо пешкаши хонандагон гардонидааст.
«Қадамҳои файзбори Пешво» ҳамчун китобчаи рӯимизӣ метавонад дар дили мардум, бахусус наврасону ҷавонон ҳисси ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба халқу миллат ва ҷавонмардию некӯкориро бедор намояд.
Шумо хонандагони азиз, аз ин китобча ҷиҳати марҳала ба марҳала рушд кардани соҳаи муҳими кишвар- кишоварзӣ дар шаҳри мардони ибратомӯзу деҳқонони асил, ибтикори хайру созандаи боѓу токпарварони шаҳри Турсунзода, ки аз иқдоми неку бахосият ва шарофати Пешвои миллат маншаъ мегирад, маълумот гирифта метавонед.
Гадоев Ҳокимҷон,
Сардори Муассисаи давлатии
назорати роҳҳои автомобилгарди
шаҳри Турсунзода