Хабарҳо

СССР МЕҲМОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Сафари ҳайати эҷодии ҳафтаномаи СССР таҳти роҳбарии  сардабири ин ҳафтаномаи мардумӣ Сайёфи Мизроб ба шаҳри Турсунзода ба рӯзи баргузории Иҷлосияи 22 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода иттифоқ афтод.

Баъд аз сухани пазироии раиси шаҳр  Абдуқодир Вализода   Сайёфи Мизроб  ба сухан баромада, иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон буда, таассуроти аввалини сайёҳону меҳмонон ба мамлакати мо аз шаҳри Турсунзода манша мегирад.

  • Бунёди беш аз 130 иншооти ҷашнӣ, ободониву шукуфоӣ, боғу токзори ҳосилхез, меҳмоннавозиву фарҳанги мардуми диёри Турсунзода дарак аз он аст, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти шаҳрдорӣ ва сокинони меҳнатдӯсти шаҳр  ҷиҳати татбиқи  пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд, – иброз дошт Сайёфи Мизроб.

 Дар идома меҳмон қайд намуд, ки  ҳафтаномаи СССР бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва ҷоизаи  “Ватансоз” – ро таъсис додааст.

-Барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  Тоҷикистон  раиси шаҳри Турсунзода  бо дипломи “Ватансоз” ва ҷоизаи “Ватансоз”-и ҳафтаномаи СССР қадрдонӣ мешавад,- иброз дошт сардабири ҳафтанома.

            Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 «Доир ба омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Мањмадалӣ вобаста ба иҷрои Амри мазкур масъули шаҳри Турсунзода таъин гардиданд. Аз ин лиҳоз  бо дипломи “Ватансоз” ва ҷоизаи “Ватансоз”-и ҳафтаномаи СССР муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ низ сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *