Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ ҶАМЪБАСТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

print

  Имрӯз  Илосияи 22 Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода баргузор шуда, 14 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

          Дар кори Иҷлосия муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, хоҷагиҳо, васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

         Зимни баррасии масъалаи якум ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф  «Дар бораи ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иктисодии шаҳри Турсунзода дар ёздаҳ моҳи соли 2019» шунида шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар 11 моҳи соли 2019  истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ  ба маблағи  2 млрд. 213,8 млн сомонӣ расонида  шуд, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 174,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, аз ҷумла дар ин давра соҳаи савдо 10,6 фоиз, кишоварзӣ – 2,3 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 13 фоиз, саноат  11,5  фоиз афзоиш ёфт.

Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 92 фоиз таъмин ва ба буҷет 134,8 млн.  сомонӣ  ворид  гардид. Дар ин давра маблағҳои воридгардида барои пардохти музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона гардиданд.

         Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат ин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  нафақагирони шаҳр 23945 нафарро ташкил дода,  82,7 млн. сомонӣ барои пардохти  нафақаи онҳо равона гардид.

          Шаҳри Турсунзода шаҳри саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 784 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 млн. 776 сомонӣ (9,2 %) зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 398 млн. сомониро (90242  тонна) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 млн.  сомонӣ зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулотро дигар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 385,8 млн. сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давра  57,1 млн. сомонӣ (17,3%) зиёд мебошад.

         Кишоварзони шаҳр дар ин давра  2477 тонна пахта, 382458 тонна ғалладона, 9132 тонна картошка, 80891 тонна сабзавот, 4410 тонна полезӣ, 4057 тонна меваҷот, 23326 тонна ангур,  4419 тонна гўшт, 23298 тонна шир,  12,1 тонна пилла, 77,8 тонна пашм, 32 тонна асал ва 3,7 млн. дона тухм истеҳсол намуданд, ки   ин нисбат ба соли гузашта 1615 тонна картошка, 3383 тонна сабзавот, 99 тонна полезӣ, 82 тонна меваҷот, 355 тонна ангур, 1602 тонна шир, ва 44 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

         Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, 35  озмуну фестивал ва 240 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо иштирокчиёни шаҳри мо ба зинаҳои ифтихорӣ сазовор дониста шуда, аз ҷумла, 2 нафар наврасони шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”  ба гирифтани дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ сарфароз шуданд.

Соли ҷори ҷорӣ 3395 хатмкунандагон синфи 11-ро хатм намуда, 1141 нафар ба мактабҳои олии кишвар, 222 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар ва 590 нафар ба коллеҷу литсейҳои касбӣ – техникӣ  дохил шуданд. Аз ҷумла, 21 нафар (11 духтар ва 10 писар) тибқи квотаи Президентӣ шомили мактабҳои олии кишвар гардиданд.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаи минтақавӣ 94 нафар хонандагони синфҳои 9-11 зинаҳои ифтихориро соҳиб гашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 Айни замон 12 нафар хонандаи лаёқатманд аз стипендияи Президентӣ ва 50 нафар хонандаи арзанда аз стипендияи раиси шаҳр бархурдор мебошанд.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои шаҳр ба 23178 нафар беморон нисбати 22801 нафар хизмати тиббӣ расонида шуд.

        Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳр дар 474 объекти назоратӣ  санҷиш гузаронида, бинобар сабаби ҷавобгў набудан ба талаботҳои санитарӣ фаъолияташон муввақатан боздошта шуданд. Инчунин 1993 кг маҳсулоти гуштӣ, маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнашикан ба маблағи 24320 сомонӣ аз муомилот гирифта шуд.

         Фарҳанг яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта,       дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади таҳлили ҷашну идҳо ва ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа  дар шаҳр 240 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуд.

         Ҷавонон неруи созандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии шаҳр назаррас аст.  Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 205  чорабинӣ, аз ҷумла 64 вохируву мулоқотҳо, 104 чорабинии варзишӣ ва 37 чорабинии омавии фарҳангӣ бо иштироки 60749 нафар гузаронида шуд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақивӣ ширкат варзида, соҳиби 271 медал гардиданд, аз ҷумла 77 медали тилло, 95 медали нуқра ва 99 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

          Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳр 10 комиссияи доимӣ ва 150 комиссияҳои ҷамъиятии назди ташкилоту муассисаҳо фаъолият карданд.

         Дар ин давра 3710 тўйи домодию арўсӣ, 173 маросими чил, 117 маросими сол барпо гардид.  Дар ин давра 26 ҳолат вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷаримаҳо 107250 сомониро ташкил дод.

                   Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону фаъолон ва сокинони шаҳр корҳои созанда вусъат гирифта, давоми солҳои 2018 – 2019  133 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, корҳои созанда дар самти рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинон идома дорад.

         Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 53 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  36 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 127 супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  785 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 505 супоришҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1435 мактубҳои дохилишаҳрӣ, 234 барқияҳо ва дар умум 5258 аризаҳои шаҳрвандон ворид шудааст.

Дар ин давра бо мақсади қонеъ гардонидани дархост ва расонидани кӯмаки моддӣ 1421 қарор ва 174 амри раиси шаҳр ба тавсиб расид.

         Ҳар ҳафта рўзҳои чоршанбе ва шанбе аз тарафи  раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 403 нафар шаҳрванд оид ба масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, дар муҳлати муайянгардида баррасӣ шуд.

         Баъдан вобаста ба баромади раиси шаҳр вакилони халқ Умеда Неъматуллоева, Урунбой Нурматов ва Тоҷиддин Ятимов ба музокира баромада, ҳисоботи раиси шаҳрро қаноатбахш арзёби намуданд.

         Дар ҷараёни баррасии масъалаи сеюми рўзнома  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Дустӣ» № 40 Мақбулов Ҳабибулло  доир ба фаъолияти вакилии худ ҳисобот манзур намуд.

      Зимни баррасии масъалаи  чоруми рўзнома  муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи татбиқи қонуни забони давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Холмаҳмадзода Солеҳа тағйир додани номи баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Турсунзодаро пешниҳод намуд.

           Масъалаҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми рўзномаи иҷлосияи аз масоили «Дар бораи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Турсунзода дар соли 2018», «Дар бораи тасдиқи буҷети шаҳри Турсунзода барои соли 2020», «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи андози иҷтимоии шаҳри Турсунзода барои соли 2020» ва «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ» иборат буда, вобаста ба баррасии онҳо  сардори Раёсати молияи шаҳр Турсунзода Рустам Усмон баромад намуд.

           Ҳангоми баррасии масъалаи нуҳум муовини раиси шаҳр Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ дар бораи тасдиқи протоколҳои ҷаласаи комиссияи кории шаҳри Турсунзода «Оид ба фонди рушди ҷомеаи маҳаллии шаҳр» ҳисобот дод.

Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода барои соли 2020  ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои соли 2020 зимни баррасии масъалаи даҳум ва ёздаҳуми рўзнома мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Вакилони халқ зимни баррасии масъалаи 12 ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияҳо ва вакилони Ҷамоат даъвати нав, ки дар таърихи 1 марти соли 2020 таъин гардидасст, масъалаи тасдиқи ҳайати комиссияи шаҳрии интихоботро мавриди баррсӣ қарор доданд.

           Зимни баррасии  масъалаи сенздаҳуми рўзнома вакилон шумораи ҳавзаҳои интихоботи навбатиро муқарар намуданд.

      Қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои бисту якум ва бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабул гадидаанд, зимни муҳокимаи масъалаи чордаҳуми рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифт.

       Дар хотима вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул шуд.

           МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *