Истиқлолият неъмати бебаҳо ва шаъну шарафи ҳар як миллат буда, нишонаи асосии пойдории давлат, симои миллат, мазҳари ормонҳои миллӣ ва нуфузу эътибори ба ҷаҳони мутамадин пайвастани кишвари соҳибистиқлол мебошад. Фарзандони фарзонаи Миллати тоҷик дар тӯли таърих ҷиҳати ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар мубориза буда, миллати озодихоҳи мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба […]
Month: Декабр 2019
Барзагове дар хам-хами Файзобод
(дар ҳошияи мусоҳибаи фачу подарҳаво ва зиёновари наҳзатӣ)
СССР МЕҲМОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Сафари ҳайати эҷодии ҳафтаномаи СССР таҳти роҳбарии сардабири ин ҳафтаномаи мардумӣ Сайёфи Мизроб ба шаҳри Турсунзода ба рӯзи баргузории Иҷлосияи 22 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода иттифоқ афтод. Баъд аз сухани пазироии раиси шаҳр Абдуқодир Вализода Сайёфи Мизроб ба сухан баромада, иброз дошт, ки шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон буда, таассуроти аввалини сайёҳону меҳмонон ба […]
ИҶЛОСИЯИ ҶАМЪБАСТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН
Имрӯз Илосияи 22 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода баргузор шуда, 14 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Дар кори Иҷлосия муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои […]
ХАРИТАИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони сайёҳат. Акнун Шумо метавонед, харитаи сайёҳии мавзеъҳо ва ҷойҳои таърихии шаҳри Турсунзодаро омӯхта, ба гӯшаву канори шаҳри мо сайру сайёҳат намуда, бо таъриху фарҳанг ва табиати дилрабои он шинос шавед. Шаҳри мо ҷавону таърихи куҳан дорад. Шумо метавонед бо изи динозаврҳо, ки таърихи миллионсолаҳо дорад, шинос шуда, аз дарёву чашмаҳои шаффоф нӯши […]
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ
Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар фазои идона боз як иншооти иҷтимоӣ – Маркази саломати деҳаи Батош ба истифода дода шуд. https://www.youtube.com/watch?v=_BHdDzDtZkI Дар маросими ифтитоҳи марказ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ва раиси шаҳри Турсунзода Абдукодир Вализода иштирок […]
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд
Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд.
Мирзораҳматов: Китоби Ҳикматулло Насриддинов фитнаангез аст
Саломиддин Мирзораҳматов публитсисти шинохта, ки бештар таърихи Тоҷикистони шӯравиро пайгирӣ мекунад, дар як матлаби худ китоби “Таркиш”-и Ҳикматулло Насриддинов, ходими давлативу сиёсиро мавриди интиқоди шадид қарор дода, онро “фитнаангез” унвон кардааст. “Таркиш” андешаву ақидаҳои Ҳикматулло Насриддиновро доир ба Тоҷикистони Шӯравӣ фаро мегирад. Мирзораҳматов бар он ақида аст, ки ин китоб саросар аз маҳалгароӣ, фитна ва […]