БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ОБ
Аз замонҳои қадим олимон асосиҳаёти олами зиндаро ба чор унсур алоқаманд медонистанд. Классики адабиётитоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил низ соли 1703 асаренавиштабуд, ки «Чор унсур»ном дошт.Чор унсур инҳоянд: об, бод, хок, оташ. Дар ин мавод маҳз дар бораи об маълумот меоварем. Об чист? Об пайвастихимиявии гидрогену оксиген буда, боформулаи Н2О ифодамешавад. Об дар табиат дар ҳолатибуғ (бухор, газ), моеъвасахт (ях) вуҷуддорад. Оби тозабӯй,таъмва ранг надорад, лекин дар равшанӣқабатиғафси он (зиёда аз 2 метр) кабудрангметобад. Қариб 71 фоизи кураи Заминро об иҳота кардааст, вале обҳои ширин ҳамагӣ 2,35 % – ро ташкил мекунанд. Оби ширин дар 0 дараҷа ва оби шӯри уқёнус дар 2 дараҷа ях мебандад. Об дар гармӣ бухор мешавад ва дар + 100 дараҷа меҷӯшад.
Гардиши об дар табиат чӣ гуна сурат мегирад? Аз сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ, кӯлу дарёҳо ва намии замин мудом об бухор мешавад. Дар баландии муайян буғи об ба қаторҳои об ё ях (барф, жола) табдил меёбад ва боз ба уқёнус ва замин меборад. Ҳамин тавр об ҳамеша дар гардишаст.
Дар Тоҷикистон чи андоза борон меборад ва он куҷо мешавад? Миқдори умумии боришоти солонаи ҷумҳурӣ 68 километри кубиро ташкил мекунад. Аз ин миқдор 14,5 километри кубиаш бухор мешавад, 31 километри кубиаш ба дарёҳо мерезад, 22,1 километри кубиаш бообҳои зеризаминӣ ҳамроҳ гардида, 1,5 километри кубиаш тармаву пиряхҳоро ғанӣ месозад.
Кӯлҳои Тоҷикистон ва маълумоте чанд доир ба он Дар Тоҷикистон қариб 1300 кӯл мавҷуд аст, ки масоҳати умумиашон 705 километри квадратист. Ин масоҳат тахминан 1 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро ташкил мекунад. Кӯлҳо равон ҳастанду норавон. Қаракӯл калонтарин кӯлиТоҷикистон буда обаш ба ҳеҷ куҷо ҷорӣ намешад. Сарез, Яшилкӯл, Искандаркӯл барин кӯлҳо оби равон доранд.
Обҳои зеризаминӣ чӣ гунаанд? Онҳо чӣ хусусият доранд? Яке аз манбаъҳои захираҳои оби олам обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ин обҳо дар қисми болоии қишри Замин (то чуқурии 12 –16 км) дар ҳолати моеъ, сахт (ях) ва буғ вомехӯранд. Обҳои зеризаминӣ аз рӯи мавқеи ҷойгиршавиашон дар қабатҳои хок ду хеланд: оби зеризаминӣ ва оби байни қабатҳо. Обҳои зеризаминӣ аз қабатҳои болои хок гузашта, дар сатҳи муайян захира мешаванд. Онҳо манбаи хуби оби ошомиданианд, тавассути чашмаҳо берун шуда, дарёҳоро сероб мекунанд, дар хоҷагии халқ васеъ истифода мешаванд. Дар шароити Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ дар баъзе ноҳияҳо, бахусус водиҳои ҳамвор бо сабаби дар таркибашон минералҳои гуногун доштан, дар ҳолати боло баромадан зарар ҳам оварда метавонанд. Обҳои зеризаминиро заҳ низ мегӯянд. Ин обҳо баланд шуда, дар даруни хок ба решаи зироат ё дарахтон мерасанд. Дар натиҷа вобаста ба таркиби оби зеризаминӣ камҳосилӣ, аз ҳосил мондан ё хушкидани растаниҳо ба амал меояд. Обҳои зеризаминӣ ҳангоми болои хок баромадан бухор мешаванд ва намаки таркибашон дар даруни хок мемонад. Дар натиҷа киштзор ба шӯразор табдил меёбад. Барои аз ин ҳолат баровардани замин тадбирҳои зиёде лозиманд. Аз ҷумла, шустани намаки замин ва кандани заҳбуру заҳкаш. Заҳ вақте ки боло шуд, хонаҳо намноку рутубатнок мешаванд. Зарари моддӣ ҳам мерасад, зеро таҳхона аз истифода мебарояд. Шахсоне, ки дар хонаи намнок зиндагӣ мекунанд, ба касалиҳои гуногун, аз қабили подарду миёндард ва ғайра дучор меоянд, рутубат сабаби вазнин шудани касалиҳои дигар мешавад. Замини заҳ боиси пайдоиши ҳар гуна ҳашароти заҳрдору паҳнкунандаи касалиҳои гузаранда мебошад.
Обҳои минералӣ Обҳои минералӣ мувофиқи таркиби химиявиашон барои истеъмол ва табобат васеъ истифода мешаванд. Дар табобатгоҳҳои Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Обигарм, Хоҷаобигарм, Ҳавотоғ ҳар сол ҳазорон одамон аз гӯшаву канорҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун аз он табобат мегиранд, худро аз касалиҳои гуногун мулоиҷа мекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 чашмаи шифобахш мавҷуд буда, дар 70 мавзеи дигар тавассути пармачоҳҳо дар зери замин захираи оби минералӣ ошкор шудааст. Беҳуда нест, ки обро манбаи ҳаёт мегӯянд. Қисми зиёди тамоми организмҳои зинда ва набототро об ташкил медиҳад. Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки ҳаёт нахуст дар муҳити об ба вуҷуд омада, сипас қисман ба хушкӣ кӯчидааст.
М. ФАЙЗИЕВА, омӯзгори
фанни биолгияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11.