Хабарҳо

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расмӣ ҳҳҷғӣқ

print
Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машғули иғвоангезиву тафриќаандозӣ ва дасисабозиву ҳангомасозӣ мебошанд. Сомонаҳои ифротиву террористӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муғризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иғвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касбӣ ва тахассусии иғвоангезӣ маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдидӣ фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон пинҳонӣ ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳонӣ набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифротӣ баҳри ҳангомасозиву дасисабозӣ ва тафриќаандозӣ сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу баррасӣ намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳонӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расмӣ анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўғу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлатӣ дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндагӣ намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсавӣ Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ғайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёсӣ намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ғайривоќеӣ истифода баранд ва ғаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўғ кўтоҳ аст ва шахси дурўғгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќӣ мемонад. Дурўғи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлонӣ мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расмӣ бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расмӣ Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Саид Салим

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *