Президенти ҷумҳурӣ ба кулли гуфтаи хеш содиқ мемонад ва ҳамаи онро бечуну чаро амалӣ месозад. Вале нигорандаҳои наҳзат бо такяи дурӯғин ба коршиносон зикр мекунанд, ки ба «Паём» муяссар шуд аз се манбаъ дар сатҳҳои гуногун тасдиқи хабарро пайдо кунад. Вале ин дурӯғи маҳз аст. Чунки пайравони наҳзат афроди манфиатҷӯ буда, мақсадҳои хешро амалӣ мекунанд, вале барои давлату миллати тоҷик кореро иҷро кардан намехоҳанд. То ба кай наҳзатиҳо мардумро фиреб медиҳанд, то ба кай бо чашми мардум хок мепошанд. Боре фикр намекунанд, ки мардум бедор шудаанд ва суханҳои ҳақро аз ботил пай мебаранд ва дигар ба ин суханҳои бофта бовар надоранд.
Ин сомона, ки зери ақидаҳои бегонапарстӣ амал мекунад, дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чандин сухан меронад, ки навиштаҳо ба ҳам мувофиқат намекунанд ва зидди ҳам ҳастанд. Пас, ба он чӣ гуна метавон боварӣ пайдо кард, вақте як санадро сад намуд таҳриф мекунад ва боз дар он фикри шахси муаллиф, ё фикри шахсии муассис ва чанд манфиатхоҳро инъикос менамояд.
Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки ин сомонаи ифротӣ аз ҷониби давлатҳои наздик ба маблағгузори наҳзат таъсис дода шудааст, вале он матлаберо интишор дода, диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии кишварро мехоҳанд, ба он равона кардан мехоҳад, ки то гумроҳ созад ва аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Аммо онҳо берун аз кишвар фирорӣ ҳастанд, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебаранд. Муборизаи номардона ва чоплусона.
Р.Раҳимов