Нуқтаи назар

ДӮСТӢ–НАҶОТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ АСТ

print

Бо барҳам хурдани давлати Шӯравӣ – СССР Тоҷикистону Қирғизистон чун дигар 15 давлат, ки қисми таркибии кишвари абарқудратро ташкил мекард, имконияти ба Истиқлолияти воқеӣ расиданро ба даст оварданд. Ин ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор ва ин ду миллати ба ҳам дӯст решаи ягонаи пайвандиву хешутаборӣ ва ногусастанӣ доранд.

Сарҳади ин ду давлат, ки ба дарозо тӯл кашидааст, барои муомилоту рафту омади сокинони ин ду кишвар ҳамеша мусоидат дошт. Мо аз оби дарёву чашмасорони як куҳу водӣ якҷоя нӯши ҷон мекардем.

Аз он ки айни ҳол дар сарҳади ин ду давлат аҳён-аҳён низоъ ба вуҷуд меояд, Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистонро водор сохт, ки дар шаҳри Исфара моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳайати бонуфузи ҳарду кишвар ҳамоиши дӯстӣ доир намоянд. Мо хуб медонем, ки оқибати ҳама гуна нофаҳмиҳо сулҳу ваҳдат мебошад. Сарварони Тоҷикистону Қирғизистон имкон фароҳам оварданд, ки ба воситаи гуфтушунид дӯстиву ҳамҷавории  ин ду халқу миллатро боз ҳам қаринтар намоянд.

Дар гузаштаи начандон дур абармардони фарзона Мирзо Турсунзодаву Чингиз Айтматов тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дӯстии халқҳо буданд. Айни ҳол дар Қирғизистон тоҷикони зиёде ва дар Тоҷикистон қирғизон низ умр ба сар мебаранд. Ду миллати бародар ба якдигар оила барпо намуда, решаи ҳамбастагиро қавитар намуда, аз кори фаъолияти якдигар баҳрабардоранд. Бинобар ин орзуву умед ва ормонҳои халқи тоҷику қирғиз ин ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, таҳаммулгароӣ ва сулҳу субот мебошад. Зеро халқи тоҷику қирғиз хуб медонанд, ки дар кишвари обод, осоиштаву ором зистану кору фаъолият кардан, ба ҷомеа манфиат овардан ин орзуи азалии ҳар як инсони покдилу солимақл мебошад.

То тавонь дӯстонро гум макун,

Дустони меҳрубонро гум макун.

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

-гуфтааст устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода. Ва мо ворисони Турсунзода ин нуқтаҳои ӯро чун ҳалқа ба гӯш дорем ва бо халқи дӯсти ҳамсояи қирғиз даст ба дасту ҷон ба ҷонем.

Иноятулло Шарифӣ,

 омӯзгорил итсейи касбии

металлургии  ш.Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *