Нуқтаи назар

ЗИНДАВУ ПОЯНДА БОД ДӮСТИВУ БАРОДАРИИ ТОҶИКОНУ ҚИРҒИЗОН

print

Воқеаҳое, ки дар  сарҳади  Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон  чанд вақти охир рӯй доданд, маро ҳамчун омӯзгор хеле мутаассир кард. Зеро ман зимни мутолиаи  асарҳои  нависандаи  бузурги  қирғиз Чингиз  Айтматов ба ин халқ  эҳтиромам  зиёд  гашта,  ба ин мардум,  ба модари  қирғиз сад  аҳсану офарин мегӯям. ки чунин фарзонафарзандеро  ба дунё овардаву тарбия кардааст.

         Инчунин ман борҳо суханрониҳои собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаевро  шунидаам, ки гуфта буд: «Тоҷикон ба мо  тағо ва мо ҷияни онҳо мебошем».

         Тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо  ва қирғизҳо асрҳои  аср  дар як  сарзамин  – Осиёи Миёна  зиндагӣ карда, урфу одат,  дину  мазҳаби ягона доранд.  Ин чор халқи  бародар  танҳо дар забон аз якдигар  фарқ мекунанду халос. Онҳо  борҳо  ҷабру  ҷафои  бегонагонро  таҳаммул  карда,  ба муқобили  аҷнабиён  мубориза бурдаанд. Ғаму  ғусса,  шодию нишотро якҷоя  аз сар гузарониданд

Ман китобҳои  таърихнигори  тоҷик,  устоди шодравон Раҳим  Масов  «Таърихи  табартақсим « ва   «Тоҷикон –  таърих бо тамғаи комилан махфӣ»- ро борҳо  мутолиа кардаам. Хуб ба хотирам мондааст, ки соли 1924  барои гузаронидани  тақсимоти  миллӣ – маъмурӣ комисияи  босалоҳияти ҳукуматӣ таъсис дода шуда буд. Ба ҳайати он  аз ҳисоби халқҳои тоҷику ӯзбек, туркману қирғиз  аъзоён интихоб шуда буданд. Намояндагони халқи ба мо дӯсту бародари қирғиз хеле пофишорӣ намудаанд, ки  Тоҷикистон ҳамҷун  ҷумҳурии комилҳуқуқ ба ҳайати СССР дохил шавад ва  инчунин шаҳри Самарқанд ё Бухоро пойтахти  Тоҷикистон  қарор гирад. Ин аз он шаҳодат  медиҳад, ки халқи қирғиз ба мо – тоҷикон хусумату бадбинӣ  надошт, балки мехост адолати  таърихӣ дар ҷояш қарор гирад.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ин ду халқ дар  ҳамсоягии ҳамдигар  аҳлу тифоқ зиндагӣ мекарданд. Баъди  пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ масъалаи муайянкунии  марзҳо ба  вуҷуд омад. Ва аз нофаҳмии чанд тан аз сокинони  назди- марзӣ муноқишаҳо сар зада, боиси  ҳалокати сарҳадбонони тоҷику қирғиз гардид. Вале бо заҳмату талошҳои комисияи ҳукуматии ин ду кишвар оташи низоъ хомӯш карда шуда, вазъият ором  гардид.

Ҳамчун ҳамсоя, ҳамчун тағо, ҳамчун  дӯсту бародар аввалан аз ҳамаи ҳамкасбони худ-омӯзгорони Қирғизистон ва ҳамаи аҳолии наздисарҳадии ин кишвар хоҳишу илтимос  менамоем, ки ба дасисаҳо дода нашаванд. Ба оромӣ риоя намоянд.

Як бурда нонро ки солҳои сол  якҷоя мехӯрдем, дӯстиву рафоқатамон хеле мустаҳкам буд, минбаъд низ он давом  ёбад. Замини Худованд барои ҳамаамон мерасад. Зери ин осмони нилгун  барои ҳама ҷой ёфт мешавад.

Халқҳои мо дар кӯҳистони баланд зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин назару ифтихори баланд доранд. Лоиқи бузургвор мегӯяд:

Намеарзад барои молу мансаб,

Бародарзода  бифребад бародар.

Чу мо фарзанди  кӯҳҳои баландем.

Ба мо пастӣ намезебад,  бародар.

Зиндаву поянда бод, дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику қирғиз!

                    Норқул Рабиев, омӯзгор аз шаҳри Турсунзода.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *