Нуқтаи назар

АГАР БА ХУДО БОВАРӢ ДОРӢ… 

print

        Дар рӯзи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки иди касбии омӯзгорон низ ба ин ҷашн рост омад, аз шабакаи иҷтимоии «Ислоҳ-ТВ» гузориши берабту бемаънии Муҳаммадиқболи Садриддин – «Нота ба рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов»-ро гӯш кардаму нафратам ба ровии он хеле зиёд гардид. Зеро ба 5 октябр рост омадани ин рӯз, ки  ҳамчун Рӯзи Забони тоҷикӣ даҳ сол инҷониб аз тарафи миллат ҷашн гирифта мешавад, ба таваллуди ӯ чӣ муносибат дорад?

Гуфтаҳои ровӣ ба ақли солим рост намеоянд. Мантиқи ҷумлаҳо риоя намешаванд. ӯ гоҳ «Шумо» мегӯяду гоҳ «Ту». Як нафар шахсе, ки намедонам бо кадом ҷурм аз Ватан фирор кардааст, бо кадом рӯ ва бо кадом забон ба Пешвои миллати 9 миллионнафара тӯҳмат мезанаду ӯро хеле соддалавҳона (бубахшед, беақлона)  «насиҳат» мекунад.

Аслан, ҳамаи муваффақияту дастоварди миллат ба ҳамин давраи 28-солаи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. ӯ ба халқ роҳбарӣ карду халқ роҳ, кӯпрук, корхона, мактаб, муассисаҳои тиббӣ сохт.

Ровӣ мегӯяд, ки дар вақташ Э.Раҳмон гӯё хуб нахондааст. Агар хуб нахондагӣ бошад ҳам ӯ раҳнамои халқ, Пешвои миллат шуд. Халқ бо номи ӯ ба бунёдкорӣ даст зад, Ватанро обод кард.

Ҳоло тамоми корҳое, ки анҷом мешаванд, халқ барои Ватан ва ба хотири ӯ анҷом медиҳад.

Ӯ намоз мехонад ё не, ту чӣ кор дорӣ? Мумкин як сари ятимеро сила кардани ӯ ба ҳазор ракаат намози ту баробар бошад. Ному кори Э.Раҳмон дар тамоми ҷаҳон машҳур гашт. Барои чӣ ба ту ва чанд оқипадари дигари гуреза кору амали Э.Раҳмон намефорад? Агар ту Президент мешудӣ, хешу ақрабоятро ба мансаб намемондӣ? Сад маротиба зиёдтар мемондӣ! Агар ту ҳам дар Ватан мебудӣ, зидди давлату миллат намебаромадӣ, шояд ба мансабе соҳиб мешудӣ. Э. Раҳмон шахси худодод аст. Худо ба инсон ҳамин қадар давлат медиҳад. Фарзандони зиёд, набераю абера, домоду хусурбачаю хешу табори дигар ҳама давлати саранд.

Намедонам хоҷагони хориҷию дохилии ту чаро ба ту ин қадар бадбиниро нисбати Э. Раҳмон талқин мекунанд. Агар шумоён зиёд бошед, 200-300 нафар ҳастед. Аммо Э. Раҳмонро 9 млн. сокини мамлакат ва 40 млн. тоҷикону миллионҳо форсизабонон дӯст медоранду ҳурмат мекунанд. Зеро ӯ миллатро аз парокандагӣ, хорию залилӣ наҷот дод. Аз ғарибӣ бозгардонд. Халқ ба рӯзҳои хушбахтию осудагӣ расид.

Худи ту кӣ ҳастӣ, ки ба халқ амр медиҳӣ, ки рӯзи 5 октябр сари парчамҳоро паст кунанду мотам гиранд. Боз мехоҳӣ, ки воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта такрор шаванд? Халқ боз мотамзадаю дар ба дар гардад? Ниятат бад аст туро! Барои бадниятиат Худо туро ғарибу дарбадар кардааст.

Аз номи халқ, аз номи фарзанду набераҳои Пешвои миллат гап заданро бас кун!

Ту мегӯӣ, ки барои чӣ аз сари қудрат намеравӣ? Аммо ӯро халқ гаштаю баргашта ба ин мансаби олӣ интихоб мекунад. Агар қонунҳои амалкунанда иҷозат диҳанд, боз халқ Э.Раҳмонро ба муддати 7 сол ё 14 соли дигар интихоб мекунад.

Намедонам худат чандсолаӣ, лекин як ба худат савол деҳ, ки 28-сол пеш либоси андозаи чанд мепӯшидӣ? Агар ба 68 дароӣ либосат андозаи чанд мешавад? Ба 68 ки даромадӣ мумкин аст лунҷҳои ту хеле овезон ва шикамат хеле дамида гардад.  Инро вақт нишон медиҳад. Агар ба ин холат ки расидӣ баъд аз ин суханонат пушаймон хоҳӣ шуд. Вале он вақт суде надорад.

Агар ту ба Аллоҳ боварӣ дорӣ, аз асосҳои дину шариати исломӣ бохабар бошӣ, бояд донӣ, ки ҳамаи тақдири неку бад аз Худост. Худо кореро хоҳад анҷом медиҳад, нахоҳад не. Аз қудрат рафтани подшоҳон низ хости Худо асту ба қудрат омадани онҳо низ. Агар ту худатро ба қавле «дарронӣ» ҳам то Худо нахохад, ӯ аз қудрат намеравад.

Дар наворат гаштаю баргашта рақси Пешвои миллатро дар тӯи писараш нишон медиҳӣ. Ин рақсу хурсандӣ чӣ ҷои бадӣ дорад? Ҳама дар рӯзи тӯи фарзандонаш хурсандӣ мекунад. Ту низ дар тӯи фарзандонат хурсандӣ мекунӣ-ку. Инчунин бояд донӣ ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар тӯи фарзандонаш, инчунин дар иду ҷашнҳои миллӣ низ рақс мекунад, ҳамроҳи халқ хурсандӣ мекунад. Ин аз тинчиву осудагии мамалакат шаҳодат медиҳад. Барои чӣ ин тинҷиву осудагӣ ба ду-се душмани халқу миллат намефорад? Ин саволро ба худат деҳу баъди андеша агар иҷозат диҳанд, ки андеша кунӣ, пас худат ҷавоб деҳ.

Н. Рабиев,

омӯзгор

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *