Банда низ аз рӯзҳои аввали баргузории Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар, ки аз 16 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир гардид, назару андешаҳои худро баён кардан мехостам. Зеро аз аъзо ва ҷонибдорони ба ном “Паймони миллӣ” ҳанӯз аз рӯзҳои аввали нишасти мазкур якбора ба ҳуҷуми намояндагони расмии Ҳукумати Тоҷикистон пардохта, сару садояшон шабакаҳои иҷтимоиро пур карда буд. Аммо зарур нашуморидам, ки ба сару садо ва даъвоҳои беасоси панҷ-шаш ҷавони гумроҳ, ки корашон танҳо паст задану наҳ кардан аст, посух гӯям. Бинобар ин поёни ин ҷаласаро мунтазир шудам. Аммо пас аз мутолиаи мақолаи Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” бо номи “Мазҳакаи илоҳӣ” ва ё чанд андеша дар ҳошияи ҳамоиши САҲА” аз 25 сентябри соли 2019, №39 (1228), ки ду рӯз қабл аз анҷоми нишасти мазкур ба табъ расидааст, ба хулосае омадам, ки андешаҳои худро перомуни нишасти солонаи САҲА дар ҳошияи матлаби зикршуда баён созам.
Беҳуда нагуфтаанд, ки “гови беширро овозаш баланд аст”. Бисёриҳо шоҳиди он буданд, ки ҷонибдорони “Паймони миллӣ” чӣ гуна атрофи баҳсҳои ин нишаст шӯру мағал барпо намуда, худро “доно” тарошида, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистонро паст мезаданд. Яқинан, нишасти Варшава аз ҷониби мухолифин мазҳакаеро мемонд ва он наворҳое, ки аз ҷониби пайравони “Паймони миллӣ” пахш мешуданд, сифату мазмунашон ҳатто аз филмҳои ҳиндӣ ҳам дида бадтар буданд, зеро таҳиягарони ин “филм”-ҳо ҳам аз лиҳози сиёсӣ, ҳам аз лиҳози донишу маърифат ва ҳам аз лиҳози забондонӣ заифу нотавон буданду ҳастанд.
Тавре аён аст, муаллифи “Мазҳакаи илоҳӣ” асрори ниҳони роҳбарону пайравони ба ном “Паймони миллӣ”-ро бисёр мӯйшикофона бармало намудааст. Бахусус як нукта маро бештар ҷалб намуд, ки дар мақолаи мазкур ба таври возеҳ дарҷ шудааст. Ин ҳамон нуктаест, ки барои худи муаллиф низ ҷолиби диққат будааст. Яъне, ба нақши «модератор» ворид гардидани “хоҳар Ҳумайро” буд, ки муаллиф чунин баён намудааст:
“Бахши аввали «мазҳака»-ро, ки ғолибан бо «ҳуҷум»-и ҷонибдорони Паймони миллӣ ба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон гузашт, «хоҳар Ҳумайро», ки дар паҳлӯи «бародар» (астағфируллоҳ) Кабирӣ нишаста буд бо забони русӣ мебурд. Барои ман чанд чиз дар ин баҳс ҷолиб буд. Нахуст доду войи «хоҳар Ҳумайро», ки бо ҳар баҳона суханронии фиристодагони Ҳукуматро (аслан ба ҷуз Абдуллоҳи Раҳнамо, ки оромона ва бидуни таҳқир ҳарф мезад, каси дигаре ҳам хоҳиши бо ин лаҳн баҳс кардан надошт) бо нидоҳои «хватит», «вы уже высказались» пахш мекард. Ин бону чунон ба нақши «модератор» ворид гардида буд, ки ҳатто номи баъзе ҳаммаслаконашро фаромӯш намуда эълон мекард: «сейчас очереди просит «господин молодой человек».
Бояд ин ҷо ба як нукта таваҷҷуҳи хонандагони азизро ҷалб намоям дар тафовут аз ҳамоишҳои пешини САҲА, Паймони миллӣ (ки аслан ҳамон ҲНИ аст) имсол тактикаи дигарро пеш гирифтааст ва бештар минбари ҷаласаҳои САҲА-ро ба ихтиёри ҳамин «господин молодой человек»-ҳо гузоштааст. Чаро не? Суруде, ки инҳо мехонанд, маълум аст, матну оҳангаш аз ҷониби кӣ навишта шудааст, вале ҳароина ба ҷои «охундзода»-ҳои ришдоре, ки меҳвари ин ҳизбу паймонҳоро ташкил медиҳанд, пеши аврупоиҳо сухани ин ҷавонони гумроҳ, таъсири бештаре дорад. Вале вақте, ки ин «молодой человек» бо овози ларзону лаҳни вайрони русӣ ба намояндагони ҳукуматӣ як суоли хеле бемантиқ дод, дарк кардам ин тактикаашон ҳам кор надод ва тирашон хок хӯрд”.
Дар ин замина чунин қайд кардан мехоҳам. Ҷолиб ин аст, ки “Паймони миллӣ”, ки даъвои сохтани давлати сирф исломӣ (теократӣ)-ро дорад, пайравонашон дар минбарҳои САҲА ва дар дигар нишасту конфронсҳо бо либосҳои аврупоӣ баромад мекунанд. Яъне, онҳо пайваста кӯшиш мекунанд, ки бо ҳилаву найранги худ ба чашми мардум ва созмонҳои байналмилалӣ хок бипошанд. Аз як тараф, ин то андозае хандаовар менамояд, аз ҷониби дигар, ин бозгӯи чеҳраи манфур ва ҳамон макри заҳҳокиест, ки дар оғози солҳои 90-и қарни гузашта кишварро ба хоку хун кашида буд. Дар ҳамон нишаст, ки асосан вазъи зиндонҳо ва зиндониён матраҳ шуда буд, намояндагони “Паймони миллӣ” аз “озору шиканҷа” шудани зиндониҳо бо ҳассосият сухан ронданд… Ҳоло он ки дар гузашта низ борҳо собит шудааст, ки чунин сару садоҳои бардурӯғи онҳо ба хотири сиёҳ кардани ҳукумат асоси худашро наёфтааст. Ин навбат низ исбот хоҳад шуд, ки ин сару садоҳо беасосанд. Мо аз таърихи пурфоҷиаи начандон дур медонем, ки қумандонҳои ҷониби мухолифин дар минтақаи наздик ба пойтахт зиндонҳое сохта буданд, ки одамҳоро аз кӯчаҳо рабуда, дар онҳо бандӣ мекарданд. Онҳо “асирон”-ро ба “бӯшка”-ҳои холӣ маҳкам намуда, ба танаи он бо асбоб (ба истилоҳи русӣ “кувалда”) мезаданд ва ин бечорагон ба ҳар шарти ин ноодамон розӣ мешуданд. Агар ин далелҳоро “пайравони демокрасии исломӣ” фаромӯш карда бошанд, миллати тоҷик инро фаромӯш накардааст. Мазҳакаи навбатии ин “навдемократон” бо чеҳраву ниятҳои пардапӯши иртиҷоӣ ба нокомӣ анҷомид. Яъне, ин маротиба низ тирашон хок хоҳад хӯрд. Намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо ҳам дуруст посух дод, ки онҳо мехоҳанд бо ин роҳ барои худ имтиёзи сиёсӣ ба даст биёранду ба истилоҳ “карйераи” сиёсӣ бисозанд.
Дуруст аст, ки онҳое ҷиноят содир кардаанд, бояд барои ҷурми содирнамудаашон дар асоси қонун ҷавоб гӯянд. Тасаввур кунед, онҳое, ки даст ба ҷиоят задаанд, бахусус ҳамон афроди фурӯхташудае, ки суботу оромии Ватани азизамонро намехоҳанд, дар озодӣ бошанд… Худо медонад, ки ба чи корҳое даст хоҳанд зад.
Аз он чи ки дар доираи нишасти САҲА ҷараён гирифт, бори дигар ба хулосае омадам, ки афроди фурӯхташуда, ки худро “дигарандеш” ё худ “мухолифи ҳукумат” унвон карда ва аз “Паймони миллӣ”, ки ҳамон ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ” акнун бо “ҷомаи” нав аст, ҷонибдорӣ мекунанд, ҳанӯз ҳам то ба охир дарк накардаанд, ки мисли роҳбари худ бозичаи дасти хоҷагони хориҷияшон шудаанд. Дар урфият мақоле ҳаст: “забони дузду ғар дароз аст”. Ин мухолифони фурӯхташуда, ки худ хидмате барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз накардаанд, паси пардаи сиёҳ нишаста, танҳо ба дурӯғпароканиву фитнаангезӣ машғуланд. Зеро хоҷагонашон ба онҳо маҳз ба хотири чунин корҳояшон маблағ медиҳанд. Чунки нақшаҳои ғаразноку хунинбор дар мағзҳояшон доранд.
Тавре зикр кардем, кори намояндагони “Паймони миллӣ” танҳо дурӯғбофиву фитнаангезӣ аст. Онҳо ҳар гуна даъвоҳои беасосеро ба монанди он, ки гӯё ба хотири фаъолиятҳои сиёсияшон дар Тоҷикистон ба наздикони онҳо фишор меоварда бошанд ва амсоли ин иттиҳомоти бепояро расонаӣ мекунанд. Ин ҳам ба он маъност, ки онҳо барои ба даст овардани маблағи муфт ҳар сари чанд вақт бояд чунин дасисаро паҳн намуда, расонаӣ кунанд. Чун фармоишгарон чунин мехоҳанд.
Бовар дорам, ки ин хоинони ватанфурӯш ҳамагуна амру фармонҳои хоҷагони хориҷии худро ба ҷону дил қабул намуда, имону виҷдонашонро фурӯхта, нияти нопок доранд, ки ин миллати баҳамомадаро пароканда намоянд ва Тоҷикистони ободу зеборо бори дигар ба хоку хун бикашанд. Аммо халқи азизи мо хуб дарк кардаанд, ки ин хоинон чӣ мехоҳанд. Оре, мо хуб медонем, ки Кабирию ҳаммаслаконаш, ки баъд аз рӯи об баромадани сиёҳкориҳояшон ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд, боз мехоҳанд, ки кишвари осудаи моро ноором созанд. Аммо ин маротиба низ ба ҳадафҳои шумашон нахоҳанд расид. Мардуми азияткашидаи мо, ки дар гузаштаи начандон дур ба доми фиреби ин хоинон афтода буд, дигар ҳаргиз ба сафсаттаву дурӯғбофиҳои онҳо бовар нахоҳад кард. Зеро собит шудааст, ки “Паймони миллӣ” ин идомаи ҳамон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудаи ҳизби наҳзат аст, ба ягон аҳду паймони худ устувор набуданду нестанд.
Дар охир ҳаминро қайд кардан мехоҳам: ҳайфи он ҷавононе, ки ба доми фиреби наҳзатиҳо афтода, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанду аз хориҷи кишвар истода, ба миллату давлати худ санги маломат мезананд. Ҳайфатон бод, дилам ба ҳаёти барабас рафтаатон, ба кӯтоҳандешиатон, бесаводиатон, ҷаҳлатон месӯзад, аммо ба бадбахтиатон худатон гунаҳкоред.
Мӯистон Азизова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода