Нуқтаи назар

МУХОЛИФИН ДАР ЧӢ АНДЕШААНД?

print
Баъзе лаҳзаҳои ҷараёни нишасти САҲА-ро, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аз 16 сентябри соли ҷорӣ идома дорад,  аз тариқи шабакаи интернет тамошо карда, ба хулосае омадам, ки оппозитсиюни тоҷик барои ду пула гапу як пула кор ба ин ҷо омада, худро ҷабрдидаю халқи тоҷикро мазлуму беҳуқуқ эълом доштанд. Дар мавриде, ки диққати мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воқеаҳои 16-сентябр, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб шуда буд, намояндагони оппозитсия тамоман фикру зикрашон ба дигар тараф – ба масъалаи ришу ҳиҷоб банд шуда, танҳо ҳамин масъаларо, ришу ҳиҷобро мушккилоти №1 муаррифӣ карданд.

Муҳоҷирони меҳнатии қирғиз дар шаҳрҳои Федератсияи Руссия қариб ҳар рўз митингу гирдиҳамоиҳо ташкил карда, барои дифои марзу буми кишвари худ тайёр буданашонро иброз намуданд Мутмаинам, ки дар ин маврид оппозитсияи ҳукумати Қирғизистон низ мавқеи худро изҳор доштагист.

Ҳукумати кишвари мо дар ин маврид тамоми чораҳоро андешид, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ором гардад. Пеши роҳи низои сиёсӣ гирифта шавад.

Ҳукумати мо бо роҳбарии Пешвои миллат минбаъд низ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъият ба таври мусолиматомез ҳал гардида, дўстию рафоқати ин ду халқи бародар пойдор бимонад.  Вале аз тарафи оппозитсия вокунише нисбат ба воқеаҳои сарҳад баён нашуд.

Хайрият, ки Додоҷони Атовулло дар ин вазъият намояндагони оппозитсия ва ҳукуматро ба ифоқа даъват карду халос.

САЙХОҶА ШИРИНОВ,

мудири шуъбаи РИРҶ-и мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *