Нуқтаи назар

ГАПҲОИ БЕАСОСУ БЕПОЯ

print
Гузоришҳоро аз конфронси САҲА дар шаҳри Варшава тамошо  карда, ба хулосае омадам, ки мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон на барои ҳимояи ҳуқуқи аҳолии Тоҷикистон, балки барои ҳимояи ҳуқуқи 10-20 нафар ҷинояткорони ТЭТ ҲНИва гурўҳ 24 ҷамъ  омадаанд.

Агар мақсадашон ҳимояи ҳуқуқи тамоми шаҳрвандони  Тоҷикистон мебуд, аз зиндон озод кардани танҳо 5-10 нафарро не, балки раҳоии  дигар зиндониёне, ки бо ҷурмҳои гуногун ҳабс гардидаанд,  талош  мекарданд. Аммо гунаҳкор бояд ҷазояшро бинад. Зеро қонунҳои   амалкунандаи Тоҷикистон ҳаминро талаб мекунанд.

М. Ҳайит, Б. Ёров ва дигар шахсоне, ки имрўз дар ҳабсанд аз  тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт ва гуноҳашон дайн  гардида, касон паси панҷара рафтанд.

Дар суханрониҳои худ мухолифини ҳукумат халқи Тоҷикистонро   мазлум  меноманд, ки ин мутлақо хато ва таҳқири рўирост ба халқ аст.  Зеро 28 – сол аст, ки халқи мо дар фазои озодию истиқлолият умр ба  сар мебарад. Касе ба халқ зулму ситам накардааст. Сол то сол зисту    зиндагии халқ тинҷу осуда мегардаду серию пурӣ ҳукмрон. Касе, ки  мехоҳад дар доираи қонун бо соҳибкорӣ, деҳқонӣ, тиҷорат, омўзгорӣ  машғул мешавад.

Ҳамаи дарҳои макотиби олӣ ба рўи донишҷўён кушода аст, вз  ҳаққу ҳуқуқҳои конститутсионии худ васеъ истифода мебарад. Фикру  ақидаи худро барои ислоҳи камбудиҳо чӣ бо воситаи матбуот ва чӣ  ба таври дархосту ариза ба мақомот пешниҳод менамоянд. Касеро барои кор кардан ба нафъи касе маҷбур намекунанд,балки меҳнати маҷбурӣ бо воситаи қонун манъ карда шудааст. Пас мухолифини “муҳтарам” гапҳои Шумо беасосу бепоя ва бедалелу бурҳон аст.

Н. РАБИЕВ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *