Сиёсат

ХОСТАНД, КИ БЕҲТАР ШАВАД, ЛЕК КОР МИСЛИ ҲАРВАҚТА ШУД» Ё “ХОСТОРУ УММЕДҲОИ БАРБОДРАФТАИ ТЭТ ҲНИ”

print

Инак, тайи 9 рўз аст, ки ТЭТ ҲНИ зери ниқоби «Паймони миллӣ» дар конфронси САҲА баромадҳои «пуризтироб» дорад. Дар ин ҷараён бо тамоми «ҳастӣ» хост диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд. Хост нишон диҳад, ки чӣ кадар «абгор»-у «музтариб» аст. Хост, ки ҷаҳониён ба ҳоли зораш дил бисўзонанд. Аммо…

Аз конфронси САҲА умеди калон дошт ТЭТ ҲНИ, ҳарчанд, ки номашро иваз кард. Умед дошт, ки «пружа»-ашро дар ин сатҳи баланд ҳифз мекунад ва бо барои як соли оянда соҳиби қути лоямут мегардад. Умед дошт, ки хоҷагонаш мисли ҳарвақта  «сарашро сила мекунанд». Умед дошт, ки дар «анкабутхона»-ву ҷаҳон пайравони нав пайдо мекунад. Умед дошт, ки «садо»-яшро мешунаванд. Вале…

Итминон дошт, ки ҳадафҳои манфурашро қабои «мақсадҳои демократӣ» пўшонида, амалӣ мегардонад. Бовар дошт, ки ин бор низ «обро лой карда, моҳӣ медорад». Қотеъ буд, ки сару садо дар атрофаш зиёд мегардад. Мутмаин буд, ки собиқ «роҳнамо»-ю «дастандаркоронаш» ин бор низ дасташро мегиранд. Лекин…

Бале дўстон, ин ҳама «хостор»-у «умед»-у «итминон»-ҳо аммо, вале ва лекинҳои зиёде дорад. ТЭТ ҲНИ надонист, ки бо иваз кардани номаш аслу моҳияту воқеияташ дигаргун нашудааст. Надонист, ки мақсади бадаш аён мегардад. Нафаҳмид, ки мардуми тоҷик ва ҷомеаи байналхалқӣ имрўз сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Лол монд аз он ки САҲА тайи ин рўзҳо ба саркардаашон – Кабирӣ имкону навбати сухан кардан надод. Дарк накард, ки ин «изтироб»-ҳову садобаландкуниҳояш мисли «шиша ба сандон задан» аст.

Умедҳояш барбод рафтанд ТЭТ ҲНИ-ро. Шикасти худро дар ин сатҳи баланд ҳис кард. Ҳис карду намехоҳад эътироф кунад. Мисли ғарқшудаест, ки бо умеди наҷот даст ба ҳар хас мезанад. Тирҳои андохтааш хок хўрданд. Шармандаи дунё гашт. Боси тамасхури вақте ҳамсафонаш гардид. Собиқ ҳамсафонаш ҳатто аз ном гирифтани “мухолифин” бар нишони худ шарм доштанд. Ба қавле, ТЭТ ҲНИ «хост, ки беҳтар шавад, лек корашу аҳволаш мисли ҳарвақта шуд».

Инҷо хостам гўям, ки “бо ҳамиин кори хирс тамом”, вале хирсро паст задан нахостаму мегўям: “бо ҳамин кори шағол тамом!”.

Ҳама бояд донем, ки оқибати аъмоли зишт ба мисоли кардаҳои ТЭТ ҲНИ чунин шикасту шармандагист. Пас қадам дониста бояд монд ва ҷонибро шинохта дӯстӣ бояд кард.

Афшини Бежан,

рўзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *