23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Ба муносибати гусел намудани аввалин гурӯҳи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар гусели наваскарони ихтиёрӣ роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, падару модарони даъватшавандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр […]