Хабарҳо

Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, санаи 18.09.2019с.

print
ХОЛИҚОВ ҲИКМАТУЛЛО (ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ҚАЗОҚИСТОН)

Қабл аз ҳама мехоҳам суханони тоҷикони муқими Қазоқистонро ба аҳли толор расонам: Чӣ тавр чунин ташкилоти пурнуфуз ба монанди САҲА ба ҷаласаи имрӯза ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломро даъват менамояд? Онҳо ҷинояткоранд. Аммо худро мухолиф меноманд. Мухолифон ин намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои сиёсӣ мебошанд, ки бо сиёсати феълии ҳукумат розӣ нестанд. ТТЭ ҲНИ ва дигар ба ном мухолифон дар ягон мақомот сабти ном нашудаанд.

ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-ум як қатор ҷиноятҳоро содир намуд, ҷанги таҳмилиро оғоз кард. Дар натиҷа садҳо ҳазор сокинони кишвар кушта шуданд, ба кишвар беш аз 10 млрд доллар ҳисорот ворид шуд.

Ман ин суханонро ба он хотир гуфтам, ки ба САҲА аз даврони мушкили ҳаёти миллати тоҷик ёдрасон намоям. САҲА дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон фаъол буд ва дар ҷараёни ҳаводис мебошад.

 

ВАФО НИЯТБЕКЗОДА (ВКХ ҶТ)

Журналистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон макони хосаро дорад. Ташкил ва пешравии ВАО-и мустақил ба аввали солҳои 90-ум рост меояд. Дар ин давра аввалин қонун дар бораи озодии ВАО қабул гардид.

Ҳуқуқи журналистон, озодии сухан, баён, наш рва истифодаи ВАО аз ҷониби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва таъмин мегардад.

Мутааасифона аз соли 1992 барои журналистикаи тоҷик давраи мушкил оғоз гардид. Ҷанги таҳмилӣ ва ҳамчун оқибат муҳоҷират ва гуреза шудани сокинони кишвар ба қайд гирифта шуд. Аз дасти аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ беш аз 150 ҳазор сокинони кишвар кушта шуданд. Қайд менамоям, ки ташкилкунандагони асосии ҷанги таҳмилии Тоҷикистон имрӯз зери ниқоби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ дар ин толор ҳузур доранд.

Имрӯз вазъият дар самти озодии ВАО ба эътидол оварда шуда, ба тамоми талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Барои фаъолияти журналистон тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ қонун дар бораи нашриёти даврӣ қабул гардид, ки мутобиқи он тамоми шаклҳои дахолат ва таъсиррасонӣ ба кори ВАО тибқи қонун манъ карда шудааст. Ба журналистон ҳуқуқҳои васеъ ва ҳамчунин уҳдадориҳои муайян муқаррар карда шудааст.

Дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мақомоти давлатӣ уҳдадоранд на кам аз ду маротиба нишастҳои хабарӣ гузаронанд ва ба саволҳои журналистон ҷавоб диҳанд.

Ҳамзамон ҳолатҳое ҳастанд, ки журналистон мақоми худро барои ба даст овардани фоидаи молиявӣ истифода менамоянд ва аз номи журналист сӯистифода менамоянд. Ин нафарон дар доираи қонунгузории кишвар мавриди тафтиш қарор мегиранд.

 

ВАФО НИЯТБЕКЗОДА

Мехостам ба баъзе ҷабҳаҳои баромадҳои қаблии иштирокчиён равшанӣ андозам.

Дар масъалаи баста шудани ВАО-и чопӣ дар Тоҷикистон қайд кардан зарур аст, ки соли гузашта дар кишвар ду ВАО-и чопии мустақил – «Озодагон» ва «Пайк» бо қарори роҳбаронаш фаъолиятро қатъ карданд. Сабаби қатъи фаъолият ин гузариши хонандагон аз ВАО-и чопӣ ба ВАО-и электронӣ. Аз сабаби харидорӣ нашудани ҳафтаномаҳо ин нашриётҳо дар назди чопхонаҳо қарздор шуданд. Нуқтаи мазкур дар баромади намояндагони дигар кишварҳо низ қайд гардида ин омил маъмулист.

Дар масъалаи муҳоҷирати оммавии журналистони тоҷик ба хориҷа гуфтан зарур аст, ки ин нуқта аз ҳақиқат дур аст. Соли сипаригашта якчанд журналист барои дарёфти маоши баландтар тарки ватан намуданд. Муҳоҷирати онҳо ангезаи сирф молияви дорад.

 

САМИЕВ КАМОЛҶОН (НАМОЯНДАИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ)

Ман роҳбари ташкилоти ҷамъиятие мебошам, ки дар Тоҷикистон озодона фаъолият мекунад. Нақши ВАО дар Тоҷикистон муассир аст. Тоҷикистон шароити заруриро барои озодии баён фароҳам овардааст ва тартиби озодии баён риоя карда мешавад. Дар муддати кутоҳтарин рӯзноманигорони тоҷик тавонистанд тамоми ҷанбаҳои кишварро дар матлабашон тасвир ва ба тамои ҳаёти қишрҳои ҷомеа ворид шаванд. Ҳамзамон, дар матлаби худ бисёре аз фаъолияти ғайриқонунии баъзе аз доираҳоро нишон дода, симои аслии онҳоро дар ҷомеа фош карданд, ки халқи тоҷик бешубҳа онҳоро дастгирӣ намекунад. Ман ба сифати далел маҷаллаҳоеро дар даст дорам, ки ба котиботи САҲА пешниҳод менамоям.

 

АЮБОВ ШАЙХУСРАВ

Дар шароити глоболизатсия кори ВАО бо дар назардошти истифодаи воситаҳои техникӣ бамаротиб осон шудааст. Гузаштан аз дастгоҳи чопии техникӣ ба дастгоҳҳои муосири электронӣ шароитҳои кори фаврӣ ва аудиторияи хонандагонро зиёд намудааст. Аммо дар шароити трансформатсия баъзе аз рӯзноманигорон имконияти корро аз даст дода, аз саҳнаи фаъолият берун рафтаанд, ки чанд маротиба дар рафти чорабинӣ зикр шуданд. Аммо дар паҳлу ин суиистифода аз шароитҳои фароҳамоварда шуда низ ҷой дошта, баъзе аз псевдарӯзноманигорон бо мақсади дарёфти маблағи муфт Ватанро тарк ва таҳти номи паноҳҷӯ дар Аврупо бо истифода аз ҳаргуна шиорпартоиҳо кору фаъолият доранд. Ман даъват мекунам, ки чунин афрод рӯзноманигорон бо роҳи дуруст касбашонро нишон дода, ба худ маблағ кор кунанд ва на баръакс бошад. Ҳамзамон, аз САҲА хоҳиш менамоем, ки саҳнаи чунин ташкилоти пурнуфузро ба нафарони манфиатхоҳ надиҳад.

 

ЗАРИФ АЛИЗОДА

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи журналистон мавҷуд аст. Соли 2012 аз Кодекси ҷиноятӣ моддаҳо оид ба таҳқир бардошта шуданд. Акнун масъалаи паҳн намудани маълумоти бардурӯғ аз ҷониби журналистон ҳамчун мурофиаи гражданӣ ҳал мегардад.

Ҳамчунин, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеагузорӣ ба фаъолияти журналистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Мутаассифона мо дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои журналистон суҳбат менамоем, аммо уҳдадории ин категорияро баррасӣ намекунем. Танҳо баррасии якҷояи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва уҳдадориҳо метавонад, мушкилиҳоро дар самти журналистика ҳал намояд.

Мо бояд масъаларо ҳамаҷониба омӯзем. Қаблан баромадкунанда Ҳумайрои Бахтиё қайд кард, ки ба ӯ фишор оварданд, таъқиб намуданд. Агар Ҳумайрои Бахтиёр аз ҷониби мақомот таъқиб мегардид, пас ӯ аз ҳудуди кишвар берун баромада наметавонист. Номбаршуда барои гирифтани мақоми паноҳанда дар Аврупо якчанд мақолаи зиддиҳукуматӣ бо муҳтавои экстремистиро бо даъват ба тағйири сохти конститутсиониро нашр намуд. Ин усулро аксари журналистони тоҷик дар Аврупо барои санади гуреза ва паноҳҷӯ истифода мекуананд. Барои онҳо тамоми воситаҳо қобили қабул мебошанд.

Дар масъалаи фишор алайҳи падари Ҳумайрои Бахтиёр ва ҳабси ӯ – падари ӯ муаллими оддӣ дар ноҳияи Шаҳринав буда, ба кору фаъолияти рӯзмаррааш машғул аст. Ҳамчунин Ҳ. Бахтиёр гуфт, ки ба ӯ корманди пулис занг зада барои ба ватан баргаштан даъват намудааст. Ин гап дурӯғ аст, зеро корманди мақомот хуб медонанд ки ӯ кист ва ар ҳеҷ сурат ба ватан бар намегардад.

Темур Варқӣ қайд намуд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва тарфдорони ӯ 83 журналист кушта шуданд. Аммо вақте, ки Э.Раҳмон сари қудрат омад, ин журналистон алакай кушта шуда буданд. Гӯё Маҳмадалӣ Ҳаит журналист аст. Ман ҳам баъзан мақола менависам, аммо ман журналист нестам. Отахон Латифӣ, журналисти машҳури кишвар аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ кушта шуданд. Қотилон маълуманд ва дар маҳбас қарор доранд. Ин далелҳо маълуманд. Хоҳиш менамоям ба ин масъалаҳо объективӣ назар намоед.

 

КАРИМЗОДА ШАРАФ

Мутаассифона фазои озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афроди манфиатхоҳ ба нафъи худ истифода бурда мешавад. ҲНИ ва ҷонибдорони ин ниҳод тамоми шароитро кӯшиш мекунанд ба нафъи худ истифода намоянд. Мо дар саҳнаи САҲА умуман ҷомеаи солими шаҳрвандиро надидем. Дар ин ҷаласа фейкташкилотҳо аз номҳои сохтаи гуногун баромад менамоянд, ки далели рӯзи қабли шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Аксарияти ташкилотҳои дар ин ҷаласа баромадкарда нисбат ба Ҳукуматҳои кунунияшон ғаразҳои сохторӣ дошта, мақсади дигаре надоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *