Таҷлил

ШАБИ ЭҶОДИИ ШОИР

print

         Имрўз Дар “Кохи Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода, бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби эҷодии шоир Абдуқаҳҳори Қосим баргузор шуд.  

Ба ин муносибат муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шоирро муборакбод намуд.

         – Шоир Абдуқаҳҳори Қосим яке аз адибони сермаҳсули шаҳр ба ҳисоб рафта, дар баробари роҳбарии маҳфили адабии «Ворисони Турсунзода» будан дар таҳияи барномаҳои фарҳангӣ ва тамоми чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятии шаҳр саҳми муносиб дорад. Пайваста дар ҷустуҷӯ буда, дар чорабиниҳои адабии сатҳи байналмилалӣ низ фаъолона ширкат меварзад, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дӯстдорони шеъру адаб сафарҳои ӯ ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Дар тарбияи ватандӯстонаи насли наврас саҳми шоир назаррас ва шоистаи таҳсин аст, – иброз дошт С. Холмаҳмадзода.

         Дар маҳфили шеър адибони варзидаи мамлакат Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адибон Султонмуроди Одина, Маҳмадалӣ Саидӣ, Сайфулло Сафаров, Ислом Саидов, Бобораҷаб Сабурӣ ширкат варзида, шоирро бо шаби эҷодӣ таҳният ва дар ҷодаи эҷод ба ӯ муваффақиятҳои нав орзу намуданд.     Дар идомаи шоми шеъру адаб шоир ашъори тозаэҷоди худро манзури дӯстдорони шеър гардонида, ҳамчунин шогирдони адиб – аъзои маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” низ аз ашъори А. Қосим ва чакомаҳои қалами шогирдона шеърхонӣ намуданд. Шоир муаллифи садҳо суруд мебошад, ки дар шаби эҷодӣ ҳунармандони хонаи фарҳанги шаҳр , ансамбли фолклории Қаратоғ ва сарояндагони шинохта Дилшод Бердиев, Фазолат Ҳоҷиева, Дилшод Зоҳирӣ, Владислав Валов ва дигарон аз ашъораш сурудаҳои ҷаззобро манзури ҳаводорони шеър уадаб намуданд.  Боиси қайд аст, ки ашъори Абдуқаҳҳори Қосим  дар 8 китоб ҷой дода шуда, ӯ ҳамчунин бо забони русӣ низ шеър мегӯяд. Шеърҳояш ба забонҳои русиву немисӣ низ тарҷума шудаанд.  Барои саҳми муносиб дар тарбияи маънавии насли наврас Абдуқаҳҳори Қосим ба мукофотҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Дар сатҳи байналмилалӣ низ ҷиҳати тарғибу ташвиқи  шеър аз ҷониби  Иттиҳоди байналмилалии нависандагон, драмматургон ва журналистон ва Фестивали адабию мусиқии «Лиффт – 2019» бо нишонҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *