Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода Раҷаббой аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосил дар ҶСК «Хақиқат» шинос шуда, ҳамзамон бо дуои пирони рӯзгор, кишоварзони пешқадам ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта расман оғоз бахшид.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки соли равон новобаста аз боришҳои пай дар пай кишоварзони шаҳр ҷиҳати кишти пунбадона ва парвариши он сайъу талош варзиданд, ки аз ҷумла ҶСК «Ҳақиқат» низ ҳамчун хочагии пахтакор дар майдони беш аз 250 га пунбадона кишт намуд.
Дар ин зимн раиси шаҳр роҳбарияти ҷамъиятро вазифадор намуд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Тавсия шуд, ки бо мақсади вусъати корҳо ба майдон қувваи чинакчиён низ ҷалб гардида, ҳаққи меҳнати чинакчиён саривақт пардохт карда шавад.
ҶСК «Ҳақиқат» яке аз хоҷагиҳои ҷамъоваии шаҳр маҳсуб ёфта, дорои 371 га замин ва дорои фермаи чорвои калон мебошад. Кишоварзони ҷамъият соли ҷорӣ дар 250 гектар замин пунбадонаи навъи «Флеш»-ро кишт намуданд. Дар заминҳои боқимонда бошад, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳадафи стретегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт гардид.
Боиси тазаккур аст, соли равон дар шаҳр дар дар майдони 1520 га пунбадона кишт намуданд, ки аз ин ҳисоб бо сабаби сербориш омадани баҳор дар майдони беш аз 400 га кишти такрории пунбадона гузаронида шуд. Новобаста ба ин кишоварзони шаҳр ҷиҳати гузаронидани корҳои агротехникӣ чораҳои зарурӣ андешида, ният доранд, ки ҳосили дилхорҳ ба даст оваранд.
КОТИБИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР