Сиёсат

БАРОДАРОН, БИЁЕД ДЎСТОНА ЗИНДАГОНӢ КУНЕМ!

print

Субҳи имрўз дар сомонаҳои хабарӣ изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тирандозӣ дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон хондаму эйфорияи баъдазҷашнӣ вуҷудамро тарк кард. Аз кайфияти Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми НБО «Роғун» ҳанўз ҳам нашъа мегирифтам, вале ин шумхабар ҳамаро барбод дод.

Дар асоси иттилооти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадӣ бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро ба роҳ монданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали  ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон норозигӣ нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд.

Аз самти қирғизҳо бошад, бидуни итоат ба созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд.

Аксарияти шоҳидон маълумот медиҳанд, ки ин қувваи иловагӣ иғвогарона ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон  маҷруҳ шуданд.

Ин амали  иғвогарона ва ғаразноки  сарҳадбонони қирғиз нишонаи кўшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мутаассифона дўстони қирғиз фирефтаи кадом гурўҳи манфиатдор гардидаанду дарс аз иштибоҳҳои кардаашон намегиранд. Фикр намекунанд, ки чунин гарданшахиву нодидагирии тартиботу қоидаву қавонини байналмилалӣ метавонад самараи талху зишт ба бор оварад. Ба ҳамсоягон хитоб карданиям, ки ҳаққи ҳамсоягии чандинасраро зери пой накунанд. Чунки ҳақношиносӣ ин кўрнамакӣ аст. Ин ду халқ чандин қарн боз ҳамсояанду ба ҳам дўсту бародар. Ношукрӣ аз ин суботу бародарӣ окибати нохуш дорад.

Билохира дўстони қирғиз бояд донанд, ки мардуми тоҷик сулҳу оромӣ ва дўстиву якдилиро аз ҳама чиз авлотар медонанду атрофи Парчами ваҳдату ягонагӣ ҳамеша ҳадафи ободиву созандагиро дар дил мепарваранд. Онҳо бояд андеша кунанд, ки иғвоҳои пайваста, дасисаҳаи пай дар пай ва гаравидан ба доми ҷонибҳои манфиатдор метавонад  ҷавоби муносибро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Ман аминам, ки ақли солим бар иғвову ғаразҳои ин мардуми раҳгумзада дастболо мешаваду намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар барои муътадил сохтани вазъият тамоми чораҳоро меандешанд ва пиёда месозанд.

Камолиддин БОБОЕВ,

журналист.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *