Мутобиқи амри раиси шаҳрии Турсунзода аз 4 сентябри соли 2019, № 138 дар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва худидоракунии деҳоти Турсунзода, барои иштирок дар мансабҳои зерин озмуни кушода эълон шудааст:
-сармутахассиси шуъбаи маориф- маоши мансабӣ 984 сомонӣ;
-сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ маоши мансабӣ 984 сомонӣ;
-сармутахассис – сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Регар- маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-сармутахассис – сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Сешанбе- маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-сармуҳосиб – оморчии ҷамоати деҳоти Пахтаобод- маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-сармутахассис – муҳандис заминсози ҷамоати деҳоти ба номи Т. Тўйчиев- маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Регар- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Пахтаобод- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Қаратоғ- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Регар- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассиси пешбар оид ба корҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият- маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Сешанбе- маоши мансабӣ 732 сомони;
-мутахассис оид ба корҳои андози ҷамоати деҳоти Қаратоғ- маоши мансабӣ 600 сомонӣ;
Довталабон метавонанд, барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳояшонро ба дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода барои ишғоли мансабҳои холӣ то 30 сентябри соли 2019 пешниҳод намоянд.
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
-сурати ранга 4 адад дар ҳаҷми 3х4
Ба довталабони мансабҳои холӣ талаботҳои зерини тахассусӣ муайян карда мешавад:
Сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ
Ба мансаби сармутахассис – категорияи панҷ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Сохтори мақомоти худидоракунии деҳот
Ба мансабҳои сармутахассис – категорияи панҷум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби мутахассиси пешбар – категорияи шашум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби мутахассис – категорияи ҳафтум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маҳалли ҷойгиршавӣ; Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кўчаи М. Турсунзода 130/45 тел.: 2-22-07, 2-25-96
Дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода