Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ДУ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

         Дар шаҳри Турсунзода барои боз қариб 1500 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Навобод шароити мукаммали илмомӯзӣ фароҳам омад. Дар ин рӯз ду бинои нави таълимӣ – дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 11 ва 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

         Иншооти нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Ҷопон бунёд ёфтааст. Ин иншоот аз 6 сифхона ва утоқҳои корӣ иборат буда, дар он барои 300 нафар хонанда шароит муҳайё мебошад. Синфхона ва утоқҳои бинои нави муассисаи мазкур бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳаз гардонида шудаанд.

         Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 бошад бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва ҳашари дастаҷамъонаи омӯзгорону дигар сокинони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Ин бино аз 2 ошёна, 20 синфхона ва 4 утоқӣ корӣ иборат буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.

         ғайр аз он, ки дар оғози соли таҳсили 2019-2020 дар ин шаҳр ду бинои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қаролр дода шуд, ҳамчунин дар назди 14 муассисаи таълмӣ 78 синфхонаи иловагӣ 3 толори варзишӣ ва 3 маҷлисгоҳ сохта шуд, ки имрӯз дар онҳо хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бинову синфхонаҳои нави таълимӣ дар шаҳр тибқи нақшаи тасдиқнамдаи мақомот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

         Дар доираи ба истифода додани ду бинои нави таълимӣ чанд нафар сокинони фаъоли шаҳр ба хотири саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободонӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *