Ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар шахсони хизматнишондода имрӯз директори Корхонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Турсунзода Абдуллозода Баҳодур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардид.
Абдуллозода Баҳодур роҳбари соҳибтаҷриба ва ташкилотчии бомаҳорат буда, ҷиҳати пешбурди кори соҳа ва ободониву созандагии шаҳри Турсунзода саҳми муносиб дошта, миёни сокинони шаҳр эътибори хоса дорад.
Мукофоти давлатӣ муборак, Абдуллозода Баҳодур!