Пеш аз оғози кори ҳамоиши навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) як қатор гуруҳҳои ҷиноятпешаи наҳзатӣ, ки минбари САҲА -ро ҳамчун суҳбатҷои “кампирони лаби об” мепиндоранд, Ҳукумати кишварро таҳдид мекунанд, ки биёеду рӯба рӯи мо нишинед. Хандовар аст. Худро фариштаи осмон метрошанд ё сиёсамадори адолатпеша. На ину на он – тудаи ҷиноятпешае беш нестанд. Аммо ин минбар рисолати худро дорад. Агар аз рӯи адолат сухан гӯянд, ба суоле ки барои САҲА аҷиб аст, ки чаро мо дар ҳиҷратему ҳукуматдорон дар Ватан бояд посух чунин гӯянд. Посух ин аст, ки Шумо аз ношукрбандагиву носипосӣ аз неъматхои Худо ва душманӣ ба Худову Ислому миллат ғарибанду Ватангадо. Солҳои 90-уми асри гузаштаро мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ ёд доранд. Наҳзатиҳои мансабхоҳ аз номи ислом ва Худову Расул сухан карда, мардуми соҳибимони Тоҷиткистонро бо “сиёсати адолатпарварона”- и худ гумроҳ намуда, миёни халқ мухолифату бадбиниро ба вуҷуд оварданд. Онҳоро ба мусулмонони наҳзатӣ – мусулмони ҳақиқӣ ва мусулмони гумроҳ ҷудо намуданд. Пас ақли солим мағлуб ва нафрату зулм зафарёб гардида, сарзамин ғарқаи оташ ва оғуштаи хуни ноҳақ шуд… Мардум сарсону саргардон дар мулки ғариб маскан гирифт. Дар як гӯшаи хоки Афғонистон оромгоҳи ғарибони тоҷик арзи вуҷуд намуд. Боз Худои меҳрубон тараҳҳуми миллати мо кард. Нишастанд ҷонибҳо паси мизи музокирот. Бо марҳамати Парвардигору сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар Ватан барқарор шуд сулҳу амонӣ. Онҳое, ки ба сари миллати хеш яроқ бардоштанд, қатлу ғорат карданд, ба хотири ваҳдати миллӣ авф шуданд… Боз баргаштанд ба Ватан. Боз баромаданд сари минбарҳо… Боз аз дину оин сухан кардаву, вакили мардумӣ ҳам шуданд…. Вале асли бад ва нияти бади онҳо “рӯи об баромад” ва боз ба ислому Қуръон ва созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ, хиёнат карданд…Боз бардоштанд сари миллат яроқ, куштанд озодагони миллатро… Ва боз фирорӣ шуданд, суи ғарибӣ ин дафъа ҷониби Аврупо. Аз ҳимояти “арзишҳои исломӣ” дасту дил шуста гузаштанд ба ҳифзи “арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи башар” . Худ то оринҷ оғуштаи хунанд. Сиёсати мардумфиребӣ, тафриқаи мусулмононро пеша карда, ба куштори раншанзамирону олимон даст доранд, аммо дар Аврупо худро “қурбоншудаи сиёсат” номида, дар конфронсу нишастҳо аз адолату ҳифзи ҳуқуқи башар сухнагуӣ мекунанд… Ба ин ҳол гирифтор шуданашон бори дигар мегуям, ки аз ношукрии онҳост, ки ин шеър идомаи фикри банда дар хусуси онҳост:
Ношукрбандаро зи кафаш бахт меравад,
Бебозгашт аз бари ӯ тахт меравад.
Аз носипоси қиммати ӯ мешавад забун,
Чун бод аз бараш ҳамагӣ нахт меравад.
Ношукрбандаро зи кафаш бахт меравад,
Дорад агар хазинаи Қорун адо шавад,
Оне ки хешро нашиносад гадо шавад,
Бо лаънати замона чу акси садо шавад,
Ношукрбандаро зи кафаш бахт меравад,
Бебозгашт аз бари ӯ тахт меравад.
Гар беҳисоб хонаю ҷоҳу ҷалоли ӯ,
Гар беҳисоб сарвати ӯ, молу ҳоли ӯ,
Дар осмон бадр агар шуд ҳилоли ӯ,
Ношукрбандаро зи кафаш бахт меравад,
Бебозгашт аз бари ӯ тахт меравад.
Найранг баҳри миллати худ ҳар ки сохт, бохт.
Баҳри шикасти давлати худ, ҳар ки тохт, бохт.
Ҳар он ки дӯст душмани худро шинохт, бохт.
Ношукрбандаро зи кафаш бахт меравад,
Бебозгашт аз бари ӯ тахт меравад.
Абдуқаҳҳори Қосим (шоир)