Дар саҳфаҳои сомонаи “Паёми мардум” мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин “ПУШТИБОНИИ САҲА АЗ ҲНИТ, ЧУНИН АСТ АҚИДАИ “ФЕРМАИ ҶАВОБ” нашр гардид, ки муаллиф ҷиҳати дар Варшава баргузор шудани ҳамоиши навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА)-ро моҳи сентябри соли ҷорӣ ёдрас шуда, мегӯяд, ин бор низ дар кори он намояндагони аҳзоб ва созмонҳои оппозитсионии тоҷик ҳузур ва суханронӣ хоҳанд дошт.
Онҳи зери шиори “Агар хоҳӣ ба ту бовар кунанд, дурӯғ” бигӯ”, амал карда, даъвои он доранд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсонҳо поймол аст. Барои мисол ҳамасола, ба ҳайси ҷабрдида эълон медоранд се-чор насаби худ ва атрофиёнашонро, ки бо ҷурму ҷиноятҳо аз Тоҷикистон фирор кардаанд ва ё барои ҷинояткориҳо дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Аммо боре ёдовар намешаванд, ки бо истифода аз номи ислом ва Қуръони карим ҳуқуқи тамоми мусулмонҳои Тоҷикистоонро помол кардаанд. Зеро ислом ҳидоятгари ваҳдату якдилии мусулмонҳост. Пас суоле ба миён меояд, ки оё дини мубини ислом ба ҳизбҳои сиёсӣ ниёз дорад? Дар ин масъала Қуръон чӣ фармуда?
Қуръон билкулл алайҳи тафриќаи байни мусулмонҳост ва Худованди тавоно дар Куръони карим бандагонашро огоҳ намуда, мефармояд: Аз онон мабошед, ки дини худро пора –пора карданд ва фирқа – фирқа шуданд ва ҳар фирқае бар ҳар чӣ дошт, дилхуш буд. (Сураи Рум, ояти 32).
Аммо наҳзатиҳо гуфтаҳои Аллоҳи бузургро нодида гирифта, дидаву дониста алайҳи сураҳои куръонӣ амал карда, пайравони худро мусулмонони ҳақиқӣ ва дигар мусулмонони Тоҷикистонро гумроҳ эълон дошта, мардумро тақсим ва халқро алайҳи қасди ҷони ҳамдигар барангехтанд. Чаро дар замони пайғамбар саҳобагон дар байни мусулмонон ҳизбҳои исломӣ таъсис накарданд? Чаро тафриқаандозиро пеша накарданд? Зеро онҳо медонистанд, ки ҷудоиандозӣ дар ислом ҳаром аст. Уламои мо низ медонистанд, ки ҳар амали зидди Куръон куфр аст. Инчунин Худо шаҳодат медиҳад: “Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд ва миёнашон куфру тафриқа андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набудааст, дурӯғ мегӯянд».(Сураи Тавба, ояти 107). Магар бунёдгарони ТТ ҲНИ аз ин фармудаи Худованд низ бехабар буданд. Не, не ҳаргиз не! Аз тамоми оёт ва аркони шариат огоҳона аз паси пардаи ислом мардумро на ба роҳи ҳамдиливу ваҳдат, балки ба нифоқ даъват карданд. Магар ин поймол кардани ҳуқуқи мусулмонҳо нест? Чаро Муҳаммадиқболи Садриддин метарсонад, ки биёеду рӯ ба рӯи мо биншинед. Шумо худро бисёр баланд баҳо додед. Ончуноне ки ба ҳадди хандаовар… Шумо се чор нафаред, аммо бо ҳукумати кишвар миллионоянд. Аз худ ки чезе беш нестед, кас натарошед. Ба САҲА меоед, биёеду мардонавор бигӯед, ки мо 3-4 нафари наҳзати аврупоӣ “мусичаи бегуноҳ нестем” бар ивази поймол намудани ҳуқуқи тамоми мусулмонони ғайринаҳзатии Тоҷикистон аз Ҳукумати Тоҷикистон ҷабр мебинем… Мардонавор қоил шавед, ки душмани ислом в миллат ҳастед…