Мутобиқи амри раиси шаҳр аз 19 июни соли 2019, №95 дар дастгоҳи раиси шаҳр ва худидоракунии деҳоти Турсунзода, барои иштирок дар мансабҳои зерин озмуни кушода эълон шудааст:
– роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр – маоши мансабӣ – 1971 сомонӣ;
– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Сешанбе – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
– сармутахассис-сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Регар – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
– сармутахассис-муҳандис заминсози ҷамоати деҳоти ба номи Т. Т. Тўйчиев – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
– мутахассиси пешбар оид ба корҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият – маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
– мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҷамоати деҳоти Регар – маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
– мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти
10-солагии Истиклолият – маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
– мутахассис оид ба масъалаҳои андози ҷамоати деҳоти Қаратоғ.
Довталабон метавонанд, барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳояшонро ба дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода барои ишғоли мансабҳои холӣ то 16 июли соли 2019 пешниҳод намоянд.
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
-сурати ранга 4 адад дар ҳаҷми 3х4
Ба довталабони мансабҳои холӣ талаботҳои зерини тахассусӣ муайян карда мешавад:
Сохтори дастгоҳи раиси шаҳр
Ба мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр – категорияи 1
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Сохтори мақомоти худидоракунии деҳот
Ба мансабҳои сармутахассис – категорияи панҷум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби мутахассиси пешбар – категорияи шашумум
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Маҳалли ҷойгиршавӣ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Турсунзода кўчаи М. Турсунзода 130/45 тел.: 2-22-07, 2-25-96
Дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода