Сокинони шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати ободу хуррам гардонидании муҳити зист дастаҷамъона заҳмат кашида, ба ин васила баҳри тозаву озода намудани ҷойи зист ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон саҳми муносиб мегузоранд
Имрӯз бо ҷалбу сафарбарии сокинон, донишҷӯён, кормандону хизматчиёни корхонаву ташкилот новобаста аз шакли моликият, идораву муассиса, ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои кишоварзӣ аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Зимни корҳои дастаҷамъона атрофи идораҳои маъмурӣ, корхонаву коргоҳҳо, маркази шаҳр ва тамоми деҳаҳо, боғу мавзеъҳои гулкорӣ боғҳои фароғатӣ ҷуйбору заҳбурҳо, каналу обравҳо, соҳили дарёҳои Қаратоғ, Ширкент ва шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аз партовҳои маишӣ алафҳои бегона тоза гардида, пояи дарахтон нарму сафед, аломатҳои сарироҳӣ ва шиору овезаҳо рангубор карда шуд. Заминҳи корам ҷиҳати гирифтани ҳосили навбатӣ шудгор ва ба кишт омода гардид.
Дар рафти ҳашар нақлиёти шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагии шаҳрдорӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷалб гардида, беш аз 30м3 алафҳои бегона ва партовҳои маишӣ аз ҳудудҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ бароварда шуд.
Дар шаҳр ҷиҳати хуррамгардонӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва руњияи зебишиносии шаҳрвандон назди идораҳои маъмурӣ роҳравҳо ва мавзеъҳои гулкорӣ бо пирамадаҳои гулкорӣ оро дода шуд.