Хабарҳо

ИСЛОМ ТАЛҚИНГАРИ АМНУ СУБОТ АСТ, НА ҶАНГУ ҶИДОЛ

print

Воқеаҳои мудҳише, ки 19 майи соли ҷорӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз ба вуқуъ пайваст, ҳеҷ инсони соҳибфазли чомеаи моро бетараф гузошта наметавонад.

         Тибқи маълумотҳо бетартибиро аъзои созмони террористиву эктремистии «Давлати исломӣ», ки дар Тоҷикистон фаъолияти он тибқи қонун мамнуъ аст, оғоз намуда, аввал се корманди муассисаи ислоҳиро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, инчунин ҳашт нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусони дигарро, ки мисли худашон аз Ислом ҳарф зада, алайҳи ислом амал доштанд, бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.

Ин амали ваҳшиёна беҷавоб намонд ва дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд.

         Мақсади иншои маводи мазкур бори дигар шарҳ додани ин воқеаи мудҳиш нест, балки ҳушдори ҷавонон аз пайравии чунин гуруҳҳост, ки аз номи исломи пок ба амалҳои ғайриинсонӣ даст мезанад. Ин қабил инсонсуратони ҳайвонсират набояд созмони худро бо номи Ислом номгузорӣ намоянд, зеро ислом яке аз беҳтарин динҳост ва «Куръон» беҳтарин китобҳои осмонист. Муҳаммад Пайғамбар (с.а.в) охирин фиристодаи Худо мебошанд. Ислом моро ба покизагӣ, некукорӣ ва хулқу неку атвори нек ҳидоят мекунад. Аз ин ру, ба ягон ҳизбу ҳаракат, хусусан гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ ниёз надорад. Охир Худованд бениёз буда, ислом низ ба пуштибонии ҳеҷ як қотиле муҳтоҷ нест. Барои мусулмони комил шудан риояи 5 аҳкоми шариат кифоя аст. Бо баҳонаи ҳимояи ислом даст ба сиёсат задану гурӯҳҳои хуношом ташкил намудан, мақсади муғризона аст. Ҳатто ифротиён зидди якдигар сангар гирифта, меҷанганду якдигарро, кӯдакону, занону ва пирони бегуноҳро мекушанд. Куҷои ин рафтор мусулмонист ва ба кадом қоидаи шариат рост меояд. Хунхорагӣ кори ислом нест, кори золимон аст ва ислом талқингари амну субот аст, на љангу ҷидол

Тоҷикистон давлати демократӣ ва хуқуқбунёд аст, инро Конститутсияи мамлакат кафолат додааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яким моро мебояд онҳоеро , ки исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат ва ислом мезананд, маҳкум намуда, зиндагонии тинҷу оромром идома дода, ҷиҳати фардои гулафшони Ватан софдилона меҳнат намоем. Таърих гувоҳ аст, ки мо, халқи Тоҷикистон аз ноогоҳӣ солҳои навадуми асри гузашта ба ҷанги бародаркуш печидем ва то ҳол миллат аз марги 150 ҳазор сокинони хунинкафан мегиряд. Аз ин лиҳоз моро дарс аст, ки аз чунин исломгӯёни беимон ва худогӯёни худобезор парҳез кунем. Ҷавононро ҳидоят ба роҳи рост, хизматии содиқона ба Ватан карда, зери сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомали Рахмон атрофи хукумати мамлакат боз ҳам муттаҳид шуда, ба пахн шудани падидаҳои наматлуб, бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ намедихем.

САОДАТ УМАРОВА,

раиси Ҷамоати деҳоти Сешанбе

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *