Таҷлил

ТАНТАНАИ РӮЗИ ҶАВОНОН

print

Иvрӯз дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Нахсуст аз ҷониби насли ҷавон бо мақсади арҷгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, устод Мирзо Турсунзода ва ҷиҳати бузургдошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар пояи Модари қаҳрамон гулчанбар гузошта шуд.
Дар идома бо иштироки беш аз 5 ҳазор ҷавонони касбу кори гуногун роҳпаймоӣ баргузор шуд. Иштирокдорон аз чор гӯшаи шаҳр тавассути кӯчаҳои марказӣ бо парфишонии парчами давлатӣ ва бардоштани шиору навитаҷоти ватандӯстона ба наврӯзгоҳи Баҳори Истиқлол равона шуданд.
Донишҷӯёни колеҷу омӯзишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсислоти миёнаи умумӣ ва дигар ҷавонони фаъоли шаҳр дастовардҳои меҳнатии хешро ба маъраз гузоштанд. Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин макони идона аз эҳё ва ба таври зарурӣ рушд кардани куҳантарин касбу ҳунарҳои мардумӣ дарак медод. Дар маҷмуъ дар базмгоҳ беш аз 20 гӯшаи дастовардҳои ҷавонони шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҷавонони шаҳрро табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки дар шаҳри Турсунзода таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон вусъат ёфта, ба тарбияи онҳо ҳамчун роҳбарони ҷавон мароқи ҷиддӣ зоҳир ва як қатор мансабҳои роҳбарикунанда ба дӯши онҳо вогузор гардидааст.
Таъкид шуд, ки дар шаҳр барои хонандагони болаёқат литсейи Президентӣ, ҷиҳати дастгирии хонандагону варзишгарони муваффақ, стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр ва квотаҳои таълимӣ ҷиҳати таҳсил дар таълимгоҳҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таъсис гардидаанд.
– Ҷавонони мо на танҳо дар Тоҷикистони азиз, балки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафу обрӯ ва Парчами Тоҷикистонро боло афрохтаанд, илова намуд раиси шаҳр.
Дар идома бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи ҳунарӣ, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва ҷавонони санъаткор ташкил гардид, мавзуъҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллиро тараннум намуд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода майдони варзишӣ барои бозии футболи хурд мавриди баҳрабардории ҷавонону наврасон қарор гирифт. Иншоот ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Икром Тоҷиев ва ҳашари дастаҷамъонаи сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо сайри идона дар боғҳои фарҳангии шаҳр идома ёфт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *