Нуқтаи назар

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

print

     Ҳукумати кишвар бо мақсади тарбияи ватандӯстиву худшиносони миллии  ҷавонону наврасон ва ҷалби  онҳо ба хизмати Модар – Ватан чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Гузашта аз ин, ҳар як узви ҷомеа барои расидан ба ин  ҳадафҳо саҳми арзандаи худро бояд гузорад. Зеро хизмат ба Ватан қарзи  муқаддаси ҷавонон мебошад.

   Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидору  пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Бо ҷавонону наврасон дар бораи чӣ будани номуси ватану ватандорӣ, шарафу ифтихори миллӣ кори ҳамешагӣ бурда дар қалби онҳо чароғаки меҳру муҳаббат ба Ватанро фурӯзон кардан, аз ҷумлаи  рисолатҳои муқаддас ва пуршараф ба шумор меравад. Садоқату муҳаббат ба Ватан  маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, афтидану хестанҳо, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо  озмуда ва ҳосил мегардад. Бешак мафҳуми ватану ватандорӣ  барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори  шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонро пеши назар меорем, ки барои ватани худ чӣ корҳои бузургеро анҷом додаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал  то инҷониб  шахсони зиёдеро ба воя ра сонидааст, ки барои ватани азизи хеш корҳои бузургеро анҷом додаанд, ки имрӯз барои мо дарси ибрат мебошанд. Ба ин мисол шуда метавонад  Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ки як каф хоки ватани худро ба хеш мегардонд. Ба монанди инҳо кам нестанд ватандӯстдорон.

Бояд ҳар як шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин ватани зебо аст.  Шоири англис Ҷорҷ Байрон мегӯяд: «Касе, ки ватанашро дӯст намедорад, ҳеҷ чизи дигарро дӯст дошта наметавонад». Ватандӯстдор будани худро мо бояд дар суханони хушку холӣ нишон надиҳем, балки барои ватани  худ хизмат кунему дар корҳои ободониаш  саҳмгузор бошем.

Моҳиро пурсиданд, ки чаро туро аз об лаҳзае берун созанд, ҷон медиҳӣ? Гуфт: – Оре, вақте ки маро аз ватани азизам берун мекунанд, ду чашмонам пӯшида мешаванд ва мегӯянд, ки рӯи душманро дидан намехоҳам, гӯшҳоям кар шуда, мегӯянд, ки фиребу найранг ва суханони фитнаангези душманро шунидан намехоҳам, танам мегӯяд, пеш аз он, ки душмани нохалаф маро барои хиёнатеро ба ватан раво дидан маҷбур созад, ҷон месупорам. Аз ин лиҳоз, номам  ба покӣ ва некӣ боқист.

Имрӯз ҳам мавзӯи ватану ватандорӣ ва хизмат ба Ватан дар мадди аввал қарор дорад. Ин мавзуъро кас ба андозаи дониш ва тафаккури худ фаҳмида метавонад. Маҳз ҳамин хосиятҳоро дарк карда, бузургон Ватан ва Модарро як маҳфуму як маънӣ ба қалам додаанд. Вақеан, ҳар ду муқаддасу пок  ва муъҷизаи ноёбу бебаҳо.

Шаҳрибону АБДУЛЛОЕВА,

хонандаи МТМУ №12 ш. Турсунзода.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *