Нуқтаи назар

«АНТИДАЛЕЛ»-ҲО БА ДАЛЕЛҲОИ САРВАР АМИРОВ

print

Як панди машҳуре ҳаст: «Агар рақиб айбатро наёбанд, пас мегӯянд, ки думи сагат каҷ будааст». Воқеан ҳам ҳамин тавр будааст. Нотавонбинон чандин «вариантҳоро» имтиҳон карданд, то суботу оромии мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд, вале натавонистанд. Акнун «варианти навбатиро»-ро пеша карданд – варианти афрухтани низоъ миёни гурӯҳҳои этникӣ ё аққалиятҳои миллӣ. 

Суҳбати «Памир Дейли Нюз»-ро бо Сарвар Амиров хондам. «Памир Дейли Нюз» Сарвар Амировро ҳамчун мумайиз (эксперт)-и таҷрибадор дар самти гурӯҳҳои этникӣ муаррифӣ кардааст, ки баъд аз шинос шудан бо суҳбати онҳо ин эътирофи «Памир Дейли Нюз» зери шубҳаи амиқ қарор гирифт ва ба рости аз ин суҳбат боз ҳамун «буйи тафриқаангезӣ» ба машом расид, боз падидаҳои «вариантҳои ҷудоиандозӣ» аён гардид. Ин ҳама албатта бо чанд далел. Саъй мекунам, ки ин далоилро мухтасар баён созам.

Якум: ҳисоботи Маркази зиддитабйизии «Мемориал»-ро хондам, аниқтараш тамоми онро «аз чор тараф шудгор кардам», вале далелеро бобати гуфтаи як мансабдори баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи он, ки гӯё ҳукумат аз муҳоҷирати мардуми Помир ба хориҷи кишвар манфиатдор аст, наёфтам. Ин яке аз ҳамон «фейкҳои бозоргир»-и гурӯҳи «обро лой карда, моҳӣ медоштагон» аст. Инҷо далели дигаре оварданӣ ҳастам, аниқтараш «антидалел»: муҳоҷир шудан ё рӯ овардан ба водӣ дар табиати мардуми кӯҳистон умқ гирифтааст. Мардуми Айниву Мастчоҳ ва Яғнобро касе ба водиҳо «сур» накардааст. Онҳо худашон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, чунки имконияти зисти муносиб дар кӯҳистон маҳдудтар аст. Ва ин ҳама далел раднопазир мебошанд.

Дуюм: дуруст аст, ки дар Помир забонҳои маҳаллӣ зиёданд. Сарвар Амиров шикоят дорад, ки бо ин забонҳо китобу омӯзгор нест ва ба ин Ҳукумати Тоҷикистонро айбдор месозад. Сарвар, даст болои дил гузору бигу, ки кай, аз даврони шуравӣ сар карда, то имрӯз, шумо баринҳо саъйе барои барқарор кардани забонҳои маҳаллӣ карда будед? Ба ростӣ, ғайр аз иғво дигар коре накардед, вале аз бандҳои Конститутсия ва Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷор мезанед. Ба кадом нақлиёти мусофирбари Душанбе ворид шавӣ, ба кадом Дорулфунуни олии пойтахт наравӣ забонҳои Помириро мешунавию худро дар Бадахшон ҳис мекунӣ, вале дар ин суҳбати муғризона давлату ҳукуматро айбдор кардаанд, ки гуруҳҳои этникӣ дар ВМКБ табйиз шудаанд. Инсофатон куҷост?

Сеюм: дар бобати дастрасии мардуми Помир ба иттилоот низ ин суҳбатнигорон аз ҳад гузаронидаанд. Агар мардуми ин минтақа ба иттилоот даст намедоштанд магар Давлат Худоназару Гурминҷи Завқибек, Далери Назару Муъмини Қаноатро медоштанд? Агар ин мардум ба иттилоот даст намедошт, магар метавонист, ки намояндагонашро то ба донишгоҳҳои олии ҳам Душанбеву ҳам берун аз он фиристад? Ин ҷо як «антидалели» дигаре ҳаст: мардуми Бадахшон дар дастрасӣ ба иттилоот дар қаламрави кишвар яке аз муваффақтаринҳо мебошанд, чунки дар донишандӯзӣ, дастовардҳо дар соҳаҳои илму варзишу фарҳанг онҳо аз даврони шуравӣ то имрӯз аз дигар минтацаҳои кишвар камоӣ надоранд.

Чаҳорум: генотсиди топонимҳо. Сарвар, ҳуш дар сар дорӣ ё на? Магар эҳёи Бохтару Қӯшон, Суғду Хуҷанд ва ғайраҳо генотсид аст? Магар эҳёи номҳои манотиқи таърихиву қадима, ки баъд аз генотсиди мақдуниҳову араб ва муғулу турк дар сарзамин номи нав гирифта буданд, генотсиди топоним аст? Ба инсоф биё Сарвар.

Чорум: дар бобати идентификатсияи мардуми Бадахшон. «Памир Дейли Нюз» ва С. Амиров, шумо медонед, ки муваффақиятҳои ИМА дар чист? Албатта намедонед, дурусттараш медонед, вале иғвою тафриқаи бароятон манфиатовар чашму ақлатонро рабудааст. Дар ИМА намояндагони тамоми халқияту миллатҳои дунё зиндагонӣ мекунанд, вале онҳо ҳама як миллат ҳастанд – миллати ИМА, ана дар ҳамин аст сирри гегемонии ИМА дар дунё, дигар ҳеҷ. Тоҷикистон даъвои гегемониро надорад, вале шумову шумо баринҳо бо нотавонбиниатон намехоҳед, ки кишварамон рушду тараққӣ ва ваҳдату субот таҳким ёбад.

Панҷум: мухторияти Бадахшон то ҳол аз нуқтаи назари ҳеҷ як созмони байналмилалӣ зери шубҳа намондааст. Вилоят дар тамоми китобҳои дарсиву адабӣ ва энсиклопедӣ, ВАО-и чопиву электронӣ ҳамчун ВМКБ ном бурда шудааст, ки М ҳамон мухторият аст. Оне, ки гоҳо ҳангоми номбарии вилоят калимаи мухторияташ ба забон оварда намешавад, ин баробар аст ба он, ки Тоҷикистон гӯем ё Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуму мантиқи як кишвари тому воҳид гум намешавад…

Чунин далелҳоро бепоёну бешумор овардан мумкин аст. Вале як мантиқ собит аст: ба ваҳдати миллату халқиятҳои Тоҷикистон ҳеҷ як сарвару кабириҳои фирефташуда рахна зада наметавонанд. Гурӯҳҳои этникии Бадахшон мисли гурӯҳҳои этникии дигар манотиқи кишвар (қарлуқу лақаю барлос ва ғайра) ва ақалиятҳои миллӣ (русҳову ӯзбеку тоторҳо ва ғайра) ваҳдату ягонагиро аз иғвою тафриқа авлотар медонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *