Таҷлил

ТАНТАНАИ  РЎЗИ ҒАЛАБА

print
Боғи Ғалаба шаҳри Турсунзода

Аз ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 74 сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар шаҳри Турсунзода чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ибтидо баҳри поси хотири шаҳидони ҷанг аз ҷониби Абдуқодир Вализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат  дар назди гулхани абад гулчанбар гузошта шуд.

Танки таърихӣ, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Турсунзода солҳои ҶБВ харидорӣ ва ба фронт ирсол гардидааст

Сипас, раиси шаҳр Абдуқодир Вализода собиқадорони ҷанг ва ҳозиринро ба ифтихори Рўзи Зафар муборакбод намуда, изҳор дошт, ки барои расидан ба Ғалабаи бузург дар баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон низ нақши муҳим гузоштаанд. Дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон равона гардида, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдони мубориза шаҳид шудаанд. Дар ин солҳои мудҳиш  беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода низ барои муҳофизати хоки муқаддас сафарбар шуда, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар дифои Ватан далерона ҷон супоридаанд.

Раис шаҳр қайд намуд, ки имрўзҳо 8 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 8 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ зиндагонӣ карда, таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат қарор доранд.

Байдан сокинони шаҳр дар пояи гулхани абадӣ намуда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик намуданд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *