Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҒАЛАБА

print

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат,

Ҳамдиёрони азиз,

Имрӯзҳо дар баробари тамоми давлатҳои сулҳдӯсти ҷаҳон рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ зери Парчами сулҳу дӯстӣ дар Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони шаҳри Турсунзодаро табрику таҳният гуфта, ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як сокини диёр рӯзгори осуда таманно дорем.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар баробари дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми бонангу номуси Тоҷикистон баҳри таъмини ғалабаи таърихӣ саҳми сазовор гузоштаанд.

Аз ҷумла, беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар гардида, 92 ҳазор нафари онҳо бо шуҷоату мардонагӣ дар майдони набард  ҳалок шудаанд.

Инчунин, беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан баромада, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар майдони муборизаҳо ҷон супориданд.

Дар ақибгоҳ модарону кӯдакон ҳам заҳмати пурмашаққат кашида, охирин луқмаи худро ба фронт фиристодаанд. Корнамоӣ ва  ҷонбозиҳои миллати мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бемисл арзёбӣ гардида, дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст.

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳубину парасторӣ, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва ғамхориҳои иҷтимоиро ба собиқадорони ҷанг вазифаи муқаддас шуморида, дар ин самт чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Таҷлили рӯзи Ғалаба бори дигар ҷаҳониёнро ҳушдор менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда ба ҳисоб меравад.

Амалиётҳои мусаллаҳона ва терроризм бори дигар собит менамояд, ки сулҳу дӯстӣ ва зиндагии осоишта ганҷи бебаҳо буда, ҷомеаи ҷаҳониро мебояд бар зидди чунин падидаҳои номатлуб  бо эҳсоси баланди инсондӯстӣ  мубориза баранд.

Вобаста ба ин ҷавонони моро мебояд имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки чун сипари боэътимоди мамлакат арзёбӣ мегардад, хизмати содиқона карда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва дар таъмини зиндагии орому осудаи сокинон ҳамеша омода бошанд.

Мо шукргузорем, ки дар Тоҷикистони маҳбуб осмони мусаффо ва рӯзгори обод ҳукмфармо буда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун тарбиятгари насли ҷавон  дар ҷомеа мавқеи муносиб дошта, таҳти ғамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат давлати пирӣ меронанд.

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат,

Ҳамдиёрони азиз,

Бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Турсунзода ба ифтихори солгарди Рӯзи Ғалаба Шуморо табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва осмони мусаффоро орзу менамоем.

Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *