Хабари бозгашти беш аз 80 нафар пайвандони нафаронеро, ки аз хони миллату давлат намаку нони ширинро чашида, ба он ба мисли осиён туф карда буданд, ба сарзамини аҷдодӣ маро ба андеша водорам сохт. Манзарае ёдам омад, ки ҳамон филми тасвирии «Бозгашти тӯтии роҳгумзада» («Возвращение блудного попугая»)-и даврони шӯравиро мемонд. Бале ин бозгашт ҳамон бозгашти тӯтиёни раҳгумзада аст… «Тӯтиён»-е, ки фирефтаи лофи наҳзатиён ёди Боғи Ирам доштанд… «Тӯтиён»-е, ки нодониста, бар доми бадомафтодагони наҳзатӣ афтода буданд… «Тӯтиён»-е, ки аз ин мардумфиребии наҳзатиён ҳатто чӯҷаҳои маъсуми худро ба доми каргасони лошахур водохта буданд… «Тӯтиён»-е, ки бо мағзи пучи каллаи кӯчаки худ ва «роҳнамоии» наҳзатиҳои сарқутхӯри хони хоҷагони аҷнабиашон мехостанд бар лонаи дар қуллаҳои осмоншикоф гузоштаи уқоби тезчанголу дурбин санг андозанд… «Тӯтиён»-е, ки ба мисоли ҳамон тӯтии раҳгумзадаи филми тасвирии шӯравӣ дони серии хони густурда ва шодиву нишоти фазои осударо нодида гирифтанд… Таассуф, ки надонистанду нафаҳмиданд. Надонистанд, ки он наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирии сағир танҳо ба як узви (узр аз хонандаи азиз, лек аъмоли наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирии сағирӣ танҳо ҳамин ҳолатро мемонаду халос) хоҷаи аҷнабиашон хок молида, метавонанду аз ин корашон пораи устухонеро аз дастурхони хоҷа барои лесидану макидан туҳфа мегиранду бо ин дигаронро фирефтаи доми пур аз панири фаронсавӣ мекунанд. Нафаҳмиданд, ки барошон аз ваъдаҳои Кабирии сағир боқӣ мондани ҳамон пораи устухони лесида низ насиб намекунад… Боз ёд оварданд аз донҳои серу пури хони поки Ватан. Фаҳмиданд, ки ваъдаи Сағирӣ сирф дуруғ будаасту фиреб. Фаҳмиданд, ки дар устухони ваъдакардаи Сағирӣ на танҳо пораи гӯшт, ҳатто аз макиданҳои Сағирӣ маза ҳам намондааст. Дарк карданд, ки Сағирӣ пораҳои устухонро ба мисли саг зери хок пинҳон кардаасту барои рӯзи мабодои худ ҷамъ оварда… Ҳамин тавр боз ёди Ватан карданд. Ватан бо ин бузургиву саховатмандии Сарвари хирадмандаш боз мебахшад онҳоро. Дон аз хони покаш медиҳад. Пораи хоки покашро сарпаноҳ медиҳад. Мегузорад, ки нафас озод бигиранд. Мегузорад, ки луқма аз гулуяшон озод бигзарад. Мегузорад, ки хоби нозашон бибарад… Ҳошо, ки ин бузургиву саховатмандӣ барои ин «тӯтиҳо»-и раҳгумзада шоёни ибрат бошад. Кош сидқан шукр кунанду тавба. Шояд, ки тавбаашон қабул гардад. Хуб таҷриба нишон дод, ки ин гуруҳи раҳгумзада ҳамон «гуруҳи калаванда»-е ҳастанд, ки В. И. Ленин дар бобаташон дар асарҳои худ муфассал гуфта буд. Ва шояд, ки амсоли ин калавандаҳо дар ҷомеаи мо бошанд. Ин гуруҳе аст, ки мақоли «Гур сӯзаду дег ҷӯшад» ё «Хонаи ман дар канор аст» (аз мақоли русии «Моя хата с краю»)-ро шиори манфури зиндагии худ донистаанд. Ана ҳаминро мо бояд донем. Донему аз аъмоли номатлуби онҳо бохабар бошем. Эътиноро фаромӯш насозем. Чунки беэътиноӣ баробар аст ба бешарафӣ ва беимонӣ. Агар ҳамин тавр мебуду мешуд ана ҳамон «тӯтиён» фирефтаи сағириҳо намешуданд ва раҳгум намезаданд… Боқӣ вассалом.
Сабтҳои охирин
ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ДАР САРГАҲИ ПАЁМИ НАВБАТӢ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат санади муҳим буда, тадбиқи амалии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар як сокиши кишвар меҳнати софдилонаву содиқонаро тақозо менамояд. Паёми навбатӣ миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии васеъ пайдо карда, […]
БАР ВАТАН САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕД!
Имрӯзҳо мо аз сомонаҳои интернетӣ хабардорем, ки нисбат ба сиёсати давлат ва ҳатто нисбат ба шахсиятҳои бузурге, ки баҳри давлату миллати хеш ҷонфидо ҳастанд, аслан ба Президенти мамлакати мо, шахсе ки давлати соҳибистиқлолро бунёд кард, ҷони худро барои ободии халқу Ватани азизи хеш дареғ надошт- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ мӯхтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ […]
«АНТИДАЛЕЛ»-ҲО БА ДАЛЕЛҲОИ САРВАР АМИРОВ
Як панди машҳуре ҳаст: «Агар рақиб айбатро наёбанд, пас мегӯянд, ки думи сагат каҷ будааст». Воқеан ҳам ҳамин тавр будааст. Нотавонбинон чандин «вариантҳоро» имтиҳон карданд, то суботу оромии мардуми Тоҷикистонро халалдор созанд, вале натавонистанд. Акнун «варианти навбатиро»-ро пеша карданд – варианти афрухтани низоъ миёни гурӯҳҳои этникӣ ё аққалиятҳои миллӣ. Суҳбати «Памир Дейли Нюз»-ро бо Сарвар […]