Нуқтаи назар

АЗ ИҚДОМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАМОН ХУШНУДЕМ

print

Рӯзҳои охир масъалаи гарон шудани нархи интернет ва маҳдудиятҳо дар истифодаи он сару садоҳоро миёни аҳли ҷомеа андохт. Дар ин миён иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъала мисли нуре буд, ки тирагии афкори мардумро вобаста ба ин масъала пароканда намуд. Бояд гуфт, ки ҳар Сарвари шоистаи давлат масъалаҳои мавриди бархурди ҳамарӯзаи раияташро ҳамеша ба манфиати  худи мардумаш ҳал менамояд. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллатамон боз як маротибаи дигар аз нозукбинии ҷомеашиносона, муҳимият ва фаврияти ҳалли масъалаи  вобаста ба рӯзгори  мардуми кишвар ва раиятпарварии  Сарвари оқили  давлатамон шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллатамон гарчанде то имрӯз бо иқдому ташаббусҳои баландѓояи худ ҳатто вобаста ба мавзуъҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баландпоя миёни мардуми дунё масъалагузорӣ менамоянд, вале ҳатто кӯчактарин масъалаи марбут ба ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ аз мадди назари хирадмандонаи ин сиёсатмадори варзида дур  намемонад.

Худи Пешвои миллатамон борҳо зимни суханронии  пурмуҳтавои худ ва дар рафти ирсоли паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар нақши интернетро дар раванди ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ ва рушди давлатдорӣ муассир арзёбӣ карда, истифодаи оқилонаи ин воситаи иттилоотии фавриро  аз  тарафи мардуми кишвар таъкид намудаанд.

Дар ҳақиқат, то имрӯз интернет ва шабакаҳои интернетӣ бо мавҷудияти худ дар раванди сохтори ҷомеа ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми ҳар кабил давлат таҳаввулоти чашмрасеро ворид намудаанд. Аз ҷумла, дар кишвари мо низ. Масалан, агар муддати солиёни ахир  ҳар  пешравие, ки дар соҳаи тиб дида мешавад, фоизи бештари он бо шарофати  иттилооти тавассути шабакаҳои интернетӣ дастрасшуда ба миён омадаанд: пайдо намудани иттилоот дар бораи  бемориҳо, роҳу усулҳои таботати онҳо, навъи дорувориҳо, таҷҳизоти наву замонавии тиббӣ ва усулҳои истифодаи онҳо, навгониҳои тиббӣ, мубодилаи таҷриба тавассути дастурҳо ва намоиши амалиётҳои ҷарроҳӣ ва амсоли инҳо. Имрӯз ҳатто тавассути шабакаҳои интернетӣ аз дигар гӯшаи олам бо роҳнамоии мутахассисони варзидаи як давлат дар ин гӯшаи дунё табибони давлати дигар амалиётҳои ҷарроҳиро анҷом медиҳанд. Ин таҷрибаҳо аллакай дар кишвари мо амалӣ гашта истода, натиҷаҳои хуб ҳам дода истодаанд. Дигар мардуми моро зарур нест, ки барои табобату ҷарроҳӣ  бо сарфу хароҷоти вақту маблағи зиёд ҳатман ба  давлатҳои дигар бираванд. Бо гирифтани иттилоот ва дархости кишвари мо  низ табибон ба давлати  мо омада ин ҷо ба дармандон кӯмакҳои тиббии заруриро мерасонанд.

Ва ё гирем соҳибкоронро. Имрӯз интернет барои соҳибкорон имкониятҳои фаррохеро фароҳам овардааст. Соҳибкорон имкон доранд, ки тавассути интернет ҳар таҷҳизоту технология ва маводу воситаҳои барои   роҳандозӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкории хеш заруриро аз давлатҳои дигар пайдо ва бо дархост дастрас намоянд. Адибону шоирон ва ҳунармандон бо истифода аз интернет аз тамоми иттилооти фарҳангии дунё бохабар ва баҳраманд шуда метавонанд.

Нақши интернет дар тарғибу татбиқи сиёсати давлатдорӣ ба шарҳи иловагие эҳтиёҷ надорад. Иттилооти шабакаҳои интернетӣ бо ҷӯши хабару навгониҳои сиёсӣ пурра гашта, бидуни чунин хабарҳо комилияти иттилооти навин  ноқис хоҳанд буд.

Интернет барои шинохти мардуми тоҷику Тоҷикистон дар ақсои олам низ нақши муҳим  дорад. Имрӯз ҳатто мактаббачагону донишҷӯёни тоҷик тавассути интернет дар сабқатҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо ѓолибияташон шарафи мардуми тоҷик ва давлатмонро баланд намуда истодаанд. Интернет аст, ки мардуми дунё аз истеъдодҳои нотакрори ҷавонону наврасони болаёқати тоҷик огоҳ мегарданд.

Ҳамин тавр, интернет дар рӯзгори ҳамарӯзаи мардум, пешрафту рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар ва ҳаёти сиёсии ҷомеа мисли як механизми муҳими таҳрикдиҳанда гаштааст. Маҳз ҳамин воқеиятро Пешвои маҳбуби миллатмон дарк намуда, бо дарназардошти манфиатҳои  ҳалқи қадршиносаш роҷеъ ба масъалаи навбатии дар назди мардуми  кишвар қароргирифта тасмими оқилона ва саривақтии худро гирифтанд. Аз ин тасмими Пешвои маҳбуби худ мардуми кишвар қаноатманданду хушнуд гаштаанд. Танҳо моро боқӣ мемонад, ки ҷавобан боз ба ин ѓамхории Пешвои азизи миллатмон маърифати истифодабарии  интернет ва шабакаҳои онро риоя намоем, фарҳанги баланди миллатамонро дар мавриди истифодаи он нишон диҳем, садоқатамонро ба  сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон бо истифодаи самаранок ва барои рушду тараққии кишварамон нигаронидашуда собит намоем.

Рустам ТУРСУНЗОДА,

сардори Раёсати молияи шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *