Боиси шарафу иқбол аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар партави сиёсати сулҳпавар ва ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат рӯ ба тараққӣ ниҳода, мардуми кишвар зиндагонии тинҷу осуда доранд.
Мутаассифона мо ҳамарӯза аз воситаҳои ахбори умум хабардор мешавем, ки дар ин ё он гӯшаи олам таркишу амалҳои ифротӣ ба вуқуъ пайваста, ҷони сдҳо пиру ҷавон ва кӯдакони яъсро ба коми маргбори худ бурдааст.
Тоҷикистон ҳамчу қисми ҷудонопазири ҷомеаи башарӣ нисбат ба ин мушкили глобалӣ бетараф шуда наметавонад. Новобаста аз он, ки мулки мо ободу сокинон зери фазои сулҳ зинагониву меҳнат мекунанд, мутассифона иддае аз гумроҳзадагоне ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Инчунин зумраи наҳзатиҳои кӯчаку кабирипараст ва паймонзадаҳои ватану хизмадгорони хоҷагон паймони зиддимиллӣ таъсис дода, аз давлатҳои аврупоӣ, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор зада, Ватанро мехоҳанд, омехтаи хун кунанд, лек тирашон хок мехӯраду амалӣ намешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайомадњои фољиабори амалҳои ғайриинсонии террористиро баён намуда, ҳар яки моро ба зиракии сиёсӣ даъват менамоянд.
Дар паёми имсола низ ба ин масъалаи аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, муњтарам Пешвои миллат фармуданд, ки “Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.
Ба ин масъала таваҷҷуњ намудани Сарвари давлат асоси воқеӣ дорад. Зеро шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Амалњои террористии соли равон аз љумла дар шањри Манбиљаи давлати Шом, Майдоншаҳри давлати Исломии Афғонистон, Манчестере Британияи Кабир, шаҳри Боготаи Колумбия, дар Зеландияи Нав, таркишњо дар Шри- ланка ва таркишҳои ҳамарӯза дар хоки Афғонистон, Ироқ ва Шом исботи воқеият аст.
Аз ин рў њар як шаҳрванди Тољикистон бояд ба хубӣ эҳсос кунад, ки терроризм худиву бега надорад. Чуноне, ки Сарвари давлат фармудаанд -“террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад” ва зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Аз минбарҳои аврупоӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои фитнаангези М. Кабирї ва дигар наҳзатиҳо ки амалӣ намудани ақидаҳои номатлуби худро мехоҳанд дар шуури мо ҷой кунанд, ҳамчун душмани халқи тоҷик ва дини муқаддаси Ислом роҳандозӣ шудааст. Ин амалҳои онҳо бар зарари халќу ислом мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд баҳри амонии давлату осудагии миллат кӯшиш намуда, насли ҷавон ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки Ватани мо аз амалҳои нангини террористї пешгирӣ шавад ва касе натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти ватани азизамонро халалдор созад.
Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аз волидон низ даъват меоварам зимни истифодаи интернет фарзандонро назорат кунанд, то ба ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашаванд ва аз адабиёти муғризонаи онҳо истифода набаранд. Зеро бештари онҳо рӯҳияи ифротӣ дошта, ба насли наврас таъсири мерасонанд ва аз омили асосии ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидани ҷавонон мебошанд.
М. НАЗИРЗОДА
сокини шаҳри Турсунзода