Нуқтаи назар

БОЛОРАВИИ НАРХ ВА ТОИФАИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ИНТЕРНЕТ

print

Атрофи болоравии нархи интернет дар Тоҷикистон сару садоҳо зиёд аст. Хусусан барои онҳое, ки аз хурдтарин  масъала ҳангомаи сиёсӣ мебардоштанд, ин масъала «дастак» шуд.  Аммо ин амал ҷонибҳои зиёд дорад.

Бале мо дар асри XXI асри рушди техналогияҳои иттилооотӣ зиндагонӣ мекунем ва имрӯз ҳаётро бидуни интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро интернет танҳо бо шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд набуда, фаъолияти ҳукумат, низоми бонкиву тиҷорати фосилавии интернетӣ ва таълим ва ғайраҳо тариқи интернет сурат мегирад. Болоравии нарх бошад, на садди роҳи рушди интернетро гирифтан буда, балки ба низом овардани истифодаи  он мебошад. Ба низом даровардан аз кӣ аз онҳое, ки истифодаьарии онҳо зарари маънавиёти ва оромии ҷомеа аст…

Тоифае, ки интернетро барои паҳн кардани маводи фаҳшу фуҷур, суҳбатҳои беҳуда, таҳқири якдигар, таблиғи ақидаҳои ифротӣ истифода мебурданд, аз болоравии нарх “ҷонашон баромад”. Онҳо албатта ғамгин мешаванд, зеро вайрон кардани фазои шабакаҳои иҷтимоӣ барояшон гарон меафтад.

Барои онҳое, ки интернетро ҳамчун маъхази илму маърифат истифода мебаранд, низ хуб аст, ки дар шабакаҳо ҳар касу нокас ва  палиду ношудро акнун кам дучор мешаванд.

Барои баъзе волидайне, ки ба фарзандони ноболиғ “бераҳмона” аз ҷайб маблағи мегабайтҳо мепарохтанд, басо хуб шуд. Акнун дилашон ба пулашон сўхта, камтар мегабайтҳои баҳудаву беҳударо харидорӣ  мекунанд.

Мушкили дигар тамошои наворҳои фаҳш буд. Ростӣ дар телефонҳои чандин ноболиғон ҳатто дар муассисаҳои таълимӣ наворҳои фаҳшу фуҷур мушоҳида мегардид.

Вақт шоҳид аст, ки ҳатто истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ то ба  хонавайрониҳои оилҳои ҷавон оварда расонид.

Мутассисофона баъзе аз ашхоси бадтинат саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун востаи овозаю дарвозаҳои бардуруғ ва ҷиҳати паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон низ истифода мебурданд, ки болоравии нарх андаке ҳам бошад, ба вусъати ин проблема монеа мешавад.

Мушкили дигари глобалии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби таблиғгарони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Садҳо ҷавононе, ки ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шуданд, аввалин қадами худро ба ин роҳи номатлуб тариқи шабакаҳи иҷтимоӣ гузоштаанд.

 Албатта савол пайдо мешавад – онҳое, ки интернетро самаравор истифода мебаранд, чӣ кунанд. Албатта барои шахсоне, ки интернетро ба талаби илм ва иттилооти муфид истифода мебаранд, роҳи дигари дастрасӣ ба инртернет ҳаст, ки онро ҳама медонанд. Марҳамат, пайвастшавӣ ба интернет бидуни хати мобилӣ, тариқи хати телефони симӣ ва бо компютер дар хона, ҷои кор ва  ё марказҳои интернетӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *