Яке аз аъзояш ин Назарзода Ҳалим буд, ки дар Вазорати мудофиаи кишвар роҳбарӣ мекард. Аммо дар дилаш ҳамон шумбиниҳои наҳзатиаш монда будааст. Дар баробари фаъолияташ бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекардааст. Итоати ҳамон нафаронеро мекард, ки наҳзат ҳам бозичаи дасти онҳо аст. Дар якҷоягӣ мехостанд,ки дар Ватани мо нооромӣ кунанд. Дере нагузашта тамоми амалҳояшон ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Маълум шуд, ки ҳамаашон гумоштаи СПИИ будаанд. Бо хиёнат кардан ба Ватан аз ин хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ маблағҳои мӯфт мегирифтанд. Аз оғози фаъолияташон ниятҳои нопок доштанд.
Ҳоло бошад худашонро сафед кардан мехоҳанд, ки мо тарафдори сулҳ будем ва кӯшиш ҳам мекардем. То ҳол худашонро нишон дода истодаанд, сомонаҳо ташкил карда, бар зидди миллати худ матлабҳои зиддитоҷикии хоҷагони хориҷиашонро ба нашр мерасонанд, ҳамин аст магар тарафдори сулҳ будан? Дар асл худ ба амалҳояшон аҳамият намедиҳанд, ки чӣ кор карда истодаанд.
Борҳо ҳамаслаконашон мехостанд ба нооромиҳо даст зананд, аммо ошкор ва дастгир шуданд. Барои озодшавии баъзеҳояшон ҳоло ҳам даъвоҳо мекунанд. Ба ақли кӣ рост меояд, ки ҷинояткорро бе додани ҷазо озод кунанд. Ин аст мақсадҳояшон, зулму ғорат кардан ва мардумро фирефтаи худ сохтан аст. Ба мо маълум аст, ки ин ватанфурӯшон чӣ нияту аъмоли нопок доранд. Моро зарур аст, ки аз фиребу найрангҳояшон дурӣ ҷӯем, вагарна инҳо ҳаётамонро сӯзонидан мехоҳанд. Ба суханҳои нарму даъватҳояшон фирефта кардан мехоҳанд ва бисёр ваъдаҳои бардурӯғ ҳам медиҳанд. Бо ҳар гуна найранг ба худашон ҷалб карда, тавассути инсони осуда мақсадҳояшонро амалӣ кардан мехоҳанд.
Шукур Бозоров сокини ш.Душанбе