Қасри сафед изҳор медорад, ки Эрон СПИИ-ро барои гузаронидани маъракаи байналмилалии террористии худ истифода мебарад.
Дар ҷавоб Эрон қисми неруҳои мусаллаҳи Амрико дар Шарқи Наздикро созмони террористӣ эълон намуд, – хабар медиҳанд ВАО-и давлатии Эрон.
Бино ба ақидаи мухолифони ин қарор, иқдоми мазкур метавонад ба кишварҳои рақиб чунин баҳонаро фароҳам орад, то ба мақомот ва шахсони мансабдори Амрико фишор биёранд.
Ин тадбир пас аз як ҳафта мавриди амал қарор мегирад, иттилоъ дод Котиби давлатии ИМА Майк Помпео. Ба гуфтаи ӯ, ИМА низоми таҳримҳоро боқӣ мемонад ва фишор болои Эронро идома медиҳад, то ки он чун кишвари муътадил рафтор кунад. Ӯ ҳамчунин аз иттифоқчиён даъват намуд, ки тадбирҳои шабеҳ амалӣ намоянд.
«Роҳбарони Эрон инқилобчӣ нестанд ва сокинони мамлакат барои худ беҳтареро сазоворанд, – гуфт Помпео.- Онҳо созишкоранд».
Ӯ ҳамчунин дар «Твиттер»-и худ навиштааст: «Моро зарур аст, ки ба сокинони Эрон барои баргардонидани озодиашон кумак кунем».
Қаблан ИМА бар зидди даҳҳо ташкилот ва шахсони Эрон, ки марбут ба СПИИ ҳастанд, таҳримҳо ҷорӣ намуда буд, вале нисбат ба худи созмон ягон таҳриме ҷорӣ набуд.
Ташаннуҷ дар муносибот миёни Вашингтон ва Теҳрон пас аз он, ки Трамп қарор кард аз созиши ҳастаӣ бо Эрон мебарояд, авҷ гирифт.
Созиши ҳастаиро моҳи июли соли 2015 имзо намуданд, он моҳи январи соли 2016 ба ҳукми амал даромад, моҳи майи соли 2018 Трамп аз он баромад-бар хилофи норозигии иттифоқчиён дар Аврупо.
Вокуниши Эрон ва Исроил
Шӯрои амнияти миллии Эрон Фармондеҳии марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА-ро пас аз он, ки вазири корҳои хориҷӣ Ҷавод Зариф ба президент Ҳасани Рӯҳонӣ бо пешниҳоди марбута муроҷиат намуд, созмони террористӣ эълон дошт, иттилоъ дод шабакаи телевизионии маҳаллии IRINN.
Фармондеҳии марказии ИМА неруҳои амрикоиро дар минтақаҳои Шарқи Миёна, Африқои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Эрон, Покистон ва Сурия идора мекунад.
Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу, ки умедвор аст мақоми худро пас аз анҷоми интихоботи парлумонии фардо ҳифз менамояд, қарори президенти Амрикоро истиқбол кард. «Ташаккур, ба президент Трамп барои эълон доштани Сипоҳи посдори инқилоби исломӣ ҳамчун созмони террористӣ. Шумо бори дигар ҷаҳонро аз таҷовуз ва терроризми Эрон ҳимоят мекунед», – менависад ӯ дар «Твиттер».
Артиши параллелӣ
Корпуси ҷангиёни инқилоби исломӣ баъди сарнагун кардани шоҳ дар Эрон соли 1979 баҳри ҳифзи режими нав ва анҷоми хизмат ҳамчун тавозуни баробар дар қиболи артиши ин кишвар таъсис дода шуд.
Шумораи «муҳофизатчиён» 150 ҳазор нафар гуфта мешавад. Корпус дорои қувваҳои ҳавоӣ, хушкигард, баҳрӣ ва Хадамоти кашшофӣ мебошад. Ва ҳамаи ин дар якҷоягӣ тавассути Қувваҳои мусаллаҳи Эрон ба танзим дароварда мешаванд.
ИМА КҶИИ (КСИР) ба чӣ гунаҳкор мекунад
ИМА на як бор Эронро барои бад кардани вазъият дар Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Либия гунаҳкор карда буд. Муҳофизатчиёнро бар он гунаҳкор мекунанд, ки онҳо ҷангҷӯёни хешро ба Сурияву Ироқ ва Афғонистон мефиристанд.
Президент муҳлати дуру дароз нақша дошт, то НПИИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон намояд, гуфт дар суҳбати телефонӣ бо шарти зикр нашудани номаш намояндаи баландпояи мақомоти давлатии ИМА зимни суҳбат бо ВАО.
«НПИИ кӯшиш кард то вазъиятро дар Шарқи Наздик тағйир диҳад, онҳо душманони худро ба қатл мерасонанд, ҷангиёни онҳо садҳо амрикоиро куштанд,-гуфтааст ӯ. –НПИИ ду ҳадаф доранд: мардуми Эронро дар кишвари худашон ба танг овардан ва содир кардани қатли одамон берун аз сарҳади кишвар».
Ин намояндаи баландпояи хадамоти маъмурии президент зикр намуд, ки Корпус «тавассути чеҳраҳои бовариноки худ ҳамоишҳои терористии хешро дар тамоми ҷаҳон сармоягузорӣ мекунад. Онҳо на танҳо терроризмро дастгирӣ мекунанд, балки рӯирост ба фаъолияти террористии худ ғӯттавар гаштаанд».
Ӯ афзуд, ки ҳоло прокуратураи ИМА имкон пайдо хоҳад кард, то ки нисбат ба онҳое, ки НПИИ-ро дастгириву тарафдорӣ мекунанд, айб эълон намояд. «ИМА огоҳии амиқеро фиристода, онҳоеро ҳушдор медиҳад, ки бо НПИИ тиҷорат мекунанд. Дар сурати норозигӣ шумо метавонед бо ҷурми «сарпарастии терроризм» гунаҳкор дониста шавед»,- иброз доштааст ӯ.
Мансабдори амрикоӣ таъкид кард, ки қарорро дар бораи эътироф кардани ин ташкилот чун террористӣ ҳарду ҳизб дастгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Қасри сафед дигар кишварҳоро даъват мекунанд, ки ба ҷудоии Неруҳои посдори инқилоби исломии Эрон (НПИИ) ҷиҳати паст кардани таъсири ин неруҳо даст зананд: “Агар мо мехоҳем, ки мардуми эрониро дастгирӣ кунем ва имкон диҳем, ки онҳо беҳтар зиндагонӣ кунанд, ҳамаи давлатҳо бояд ба заиф шудани НПИИ мушарраф гарданд”.
Аврупо, зикр кард ӯ, ҳамчунин ба хатари эронӣ мувоҷеҳ аст-масалан, чанде қабл Эрон куштор дар Данияро ба нақша гирифт. Охири моҳи октябри соли гузашта Хадамоти амният ва контрразведкаи Дания мақомоти махсуси эрониро дар омода намудани ҳамла ба ҳудуди шоҳигарӣ айбдор донист.
Копенгаген Теҳронро дар омода намудани суиқасд ба як гурӯҳ шаҳрвандони Эрон, ки дар Дания зиндагонӣ мекунанд, аз ҷумла, ба сарвари шуъбаи даниягии гурӯҳи сепарастии “Ҳаракати арабии мубориза барои озодкунии Ахваз” (ASMLA) гумонбар медонад.
Тибқи маълумоти Wall Street Journal, барои дидани чораҳо нисбат ба НПИИ Помпео ва мушовири президент оид ба амнияти миллӣ Ҷон Болтон баромад карданд, бо вуҷуди ин нафароне буданд, ки ба дурустии ин қарор шубҳа доштанд. Дар ин қатор-раиси Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳо Ҷо Данфорд низ ҳаст.
Бархе намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи амрикоӣ гумон доранд, ки қарори мазкур метавонад ҳамла ба ҳарбиёни амрикоии дар Шарқи Наздик бударо ба вуҷуд орад.
Тавре хабар дода мешавад, СРУ низ муқобил баромадааст.
Идомаи муҷозоти гузашта
Дар ҳуҷҷате, ки Департаменти давлатӣ паҳн намудааст, омадааст, ки чораҳои нав ба муқобили НПИИ идомаи муҷозоте маҳсуб мешаванд, ки маъмурияти Трамп нисбат ба одамон, ширкатҳо, ҳавопаймоҳо ва киштиҳои бо Эрон вобаста аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқҳои одамон, сензура, барномаи коркарди киштиҳои кайҳонии баллистикӣ, амалҳои зараровар дар интернет, дастгирии терроризм ё робитаҳо бо ҳукумати Эрон ҷорӣ кардааст.
Ҳанӯз 19 январи соли 1984 ИМА Эронро ба рӯйхати давлатҳои сарпарасти терроризм ворид намуда буд. Аллакай аз ҳамон замон бар зидди Эрон маҷмӯи маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои гирифтани кумак аз ИМА, манъи содирот ва фурӯши аслиҳа, назорат аз болои содироти молҳои таъйиноти дубора ва дигар маҳдудиятҳои молиявӣ ва ғайра паҳн карда мешаванд.
Соли 2017 вазорати молияи ИМА НПИИ-ро ба рӯйхати ташкилотҳои дастгирикунандаи терроризм дар робита ба расонидани кумак ба гурӯҳҳои террористӣ, ки миёни онҳо “Ҳизбуллоҳ” ва ҲАМОС ҳастанд, дохил кард.
https://www.bbc.com/russian/news-47859074