Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР БАРГУЗОР ШУД

print

Имрӯз дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) баргузор шуд, ки дар ҷараёги он чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

          Дар иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ, хоҷагиҳо, васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

          Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома вакилон масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

          Аз рӯи масъалаи якум вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раиси комиссияи домии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг Азизова Муистон ба сухан баромада, доир ба рафти иҷрои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар шаҳри Турсунзода  маърӯза кард.

          Таъкид шуд, ки Стратегияи мазкур  ба ҳалли мушкилоти соҳаи маориф мусоидат намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати ислоҳоти соҳаи маориф таъмин менамояд.

Ҷараёни иҷрои стратегияро дар маҳал вакилон Негматуллоева Умеда ва Саидамирзода Муҳаммадалӣ, инчунин мудири шуъбаи маориф Раҷабова Лайло мавриди таҳлил қарор дода, рафти иҷрои онро дар шаҳр қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

 Зимни масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ «Оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва хизматрасонии коммуналӣ»  Нурматов Урунбой  шунида шуд.

Таъкид шуд, ки саноатчиёни шаҳр соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 826,4 млн. сомонӣ  баробар намуданд,  ки нисбат бо соли 2017 -ум 107,6 млн. сомонӣ ё 15 фоиз зиёд аст  Дар давоми ду моҳи соли равон бошад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба маблаѓи 125,8 млн сомонӣ истеҳсол шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 816 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 103 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин илова гардид, ки вобаста ба дастури муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр мувофиқи дурнамо дар ду соли оянда 8 корхонаи хурди саноатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Масъалаи сохтмонро мавриди таҳлил қарор дода, У. Нурматов иброз дошт, ки  соли 2018 иҷрои нақшаи корӣ 160 фоизро ташкил намуд. Инчунин бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёд ва барқарорсозии беш аз 310 иншоот ба нақша гирифта шуда, соли 2018  52 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда,  соли ҷорӣ корҳои созанда дар иншооти ҷашнӣ идома доранд.

Дар маърӯза ҳамчунин корҳо дар самти таъмири роҳҳои байнидеҳавӣ, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, хизматрасонии нақлиёт, татбиқи лоиҳаҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, инчунин хизматрасониҳои коммуналиӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

 Раиси маҷлиси вакилони халқ Абдуқодир Вализода иброз дошт, Комиссияро мебояд фаъолияти худро ҷиҳати саноатикунонии мамлакат  вусъати бахшида, дар таҷдид ва бунёди корхонаҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Зимни баррасии масъалаи сеюм вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Шаҳраки чорум», № 9 Алямова Шарифа доир ба фаъолияти корӣ ҳисобот манзур намуд.

         Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ қабул гардидаанд, зимни баррасии масъалаи чорум мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Баъд аз баррасии масъалаҳо аз ҷониби вакилон  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *