Хабарҳо

Наврўз ва наҳзатиҳо

print
Наврўз яке аз бузургтарин ва ќадимтарин љашнњои фарњангии миллии мо ба шумор меравад. Дар ин рўзи нав њар як нафар кўшиш мекунад, ки ба таъмиру тармими хона машѓул шавад ва сару либоси худ ва оилаашро нав кунад. Яъне њама кўшиш ба харљ медињанд, ки як навоварие дар манзили худ эљод кунанд ва аъзои оилаашонро хушњол намоянд. Њамзамон дар ин рўзи нав дастархони пурнозу неъмате ороста, гирди он љамъ мешаванд ва шодиву хушњолї менамоянд. Аз гузаштаи худ ќисса намуда, њазлу шухї мекунанд ва рўњияи њамдигарро болида месозанд. Агар дар байнашон ягон сањву хато ё гуноње сар зада бошад, кинаву адоват ва ѓаму андўњро канор гузошта, њамдигарро мебахшанд. Ин њама навоварињо ва шодмониро ба хотири он анљом медињанд, ки то охири сол њар рўзашон ба мисли њамин рўз наврўз бошад ва доимо хушњолу хуррам дар сари як дастархон бо њамдигар љамъ шаванд ва муттањидона зиндагї намоянд.

Воќеан, дар ин рўзи нав пиру љавон њама хушњол њастанд ва њамдигарро бо фарорасии рўзи нав табрик намуда, дар корњои минбаъдаашон муваффаќиятњои беназирро таманно мекунанд. Њатто ашхосе, ки аз рўи ноогоњї, нодонї ва ё беэътиної дили касеро ранљонида бошанд ва баъдан изњори пушаймонї карданд, дар ин рўз хушњол њастанд. Чунки онњо аз самими ќалб маъзарат хостанд ва бахшида шуданд.

Аз љониби дигар, аз њама бештар кўдакон хушњол ба назар мерасанд. Чунки онњо либоси нав ба бар карда, дар даст гули бойчечак машѓули сурудхонї њастанд. Љавонон ва наврасон низ аз ин хушњолї барканор нестанд. Аксарияти онњо, ки љасуру далер ва бебок њастанд, ба гуштин ва дигар намуди варзиш машѓул мешаванд.

Њамин тавр, дар ин рўз нафаре пайдо намешавад, ки машѓул ва ё андармони коре набошад. Баъзе саросема ба варзишгоњ мераванд, бањри тамошои гуштин ё бузкашї, баъзеи дигар ба аёдати беморон мераванд, кўдакон бошанд машѓули раќсу бозї ва сурудхонї њастанд. Яъне, Наврўз рўзест, ки њамаро хушњол ва муттањид мекунад.

Дар баробари ин ќадар шодмониву хурсандї, тааљљубовар он аст, ки ташкилоти террористии нањзатї, ки ба ќавли худашон њомии дини ислом њастанд ва медонанд, ки љашни Наврўзро паёмбари ислом њам дар замонаш иљозат додаанд. Агар фаромўш карда бошанд, хотиррасон мекунем, ки Абурайњони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ривояти зеринро наќл мекунад:

«Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои паёмбари ислом ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: «Имрӯз рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?» Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд».

Аз ин ривояти Абурайњони Берунї маълум мешавад, ки паёмбари ислом на танњо иљозати таљлил гирифтани Наврўзро додаанд, балки таманно њам кардаанд, ки њар рўз бароямон Наврўз бошад ва сањми худро дар Наврўз гузошта, суннати об пошиданро дар љашни Наврўз ривољу равнаќ доданд.

Њадафи ташкилоти террористии нањзатї дар чї бошад, ки намехоњанд, Наврўз љашн гирифта шавад ва барои сазовор таљлил гирифтани љашни Наврўз сади роњ мешаванд ва монеа эљод мекунанд?  Ба назар чунон мерасад, ки онњо мехоњанд миллатро аз байн баранд. Зеро барои аз байн бурдани миллат љанг кардан зарур нест, танњо фарњангашро аз байн бурдан зарур аст. Миллати бе фарњанг оњиста-оњиста худ аз байн меравад. Оё аз байн бурдани фарњанги ќадимаи миллати мо аз љониби ташкилоти террористии нањзатї хиёнат ба Ватан ва миллат нест? Оё сади роњи шодиву хурсандии пиру љавон ва махсусан кўдакон шудан, гуноњи бузург нест?

Дар интињо, њаминро хотиррасон мекунем, ки Наврўз аз замони пайдоиш то њол муќовиматњои шадидеро паси сар намудааст. Њатто империяњои бузурги гузашта, кўшиш ва љањду талош карданд, ки Наврўзро аз байн баранд, муваффаќ нашуданд ва њатто ба онњо муяссар нашуд, ки заррае њам бошад, шаъну шараф ва эътибори Наврўзро коњиш дињанд. Чун империяњои бузург ба маќсади худ ноил нагаштанд, аз сари муросо ва мадоро ба Наврўз наздик шуда, бо он созгорї пеша намуданд.

Наврўз бо тааммулу тањаммул ва таљаммулу эътимоде, ки ба худ дошт, яъне оќибат некї ба бадї пирўз мегардад, оњиста-оњиста роњи худро идома дод. Айни њол, Наврўз маќоми муносиби худро ба даст овард ва аз љониби Маљмаи умумии Созмони Милали Муттањид 21-уми март њамчун Рўзи байналмилалии Наврўз эътироф гардид.

Хулоса, фарзандони нохалафи миллат низ аз гузашта сабаќ омўзанд ва аз самими ќалб аз гуноњњои кардаашон пушаймон шуда, ба Ватан баргарданд ва муросову мадоро намоянд. Зеро мо њама фарзанди ин миллат ва Ватан њастем, сари як дастархон љамъ шуда, муттањидона зиндагї намоем ва барои ояндаи миллати худ содиќона хизмат намоем.

 

Хуршеди Мурод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *