Мутобиқи амри раиси шаҳр аз 4 марти соли 2019, № 237 воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва худидоракунии деҳоти Турсунзода, барои иштирок дар мансабҳои зерин озмуни кушода эълон шудааст:
-сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр – маоши мансабӣ 984 сомонӣ;
-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак- маоши мансабӣ 984 сомонӣ;
-сармутахассис – сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Регар – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Работ – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-сармутахассис-сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Работ – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;
-мутахассиси пешбар оид ба корҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият – маоши мансабӣ 732 сомонӣ;
-мутахассис оид ба корҳои андози ҷамоати деҳоти Работ-маоши мансабӣ 600 сомонӣ;
-мутахассис оид ба корҳои андози ҷамоати деҳоти Навобод-маоши мансабӣ 600 сомонӣ;
Довталабон метавонанд, барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳояшонро ба дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода барои ишғоли мансабҳои холӣ то 2 апрели соли 2019 пешниҳод намоянд.
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
-сурати ранга 4 адад дар ҳаҷми 3х4
Ба довталабони мансабҳои холӣ талаботҳои зерини тахассусӣ муайян карда мешавад:
Сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ
Ба мансаби мудири бахш- категорияи чорум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби сармутахассис – категорияи панҷ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Сохтори мақомоти худидоракунии деҳот
Ба мансабҳои сармутахассис – категорияи панҷум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби мутахассиси пешбар – категорияи шашум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Ба мансаби мутахассис – категорияи ҳафтум
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маҳалли ҷойгиршавӣ:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Турсунзода кўчаи М. Турсунзода
130/45 тел.: 2-22-07, 2-25-96
Дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода