Нуқтаи назар

ГАРАВИДАШУДАГОН,  РАҲГУМЗАДАҲО Ё ЧИ БОЯД КАРД?

print

          Хонандагони гиромӣ! Оё боре ба худ суол кардаед, ки шумо кистед ва чи рисолатеро дар давоми умри худ бояд иҷро кунед? Оё боре ба сирати худ назар афкандаед? Оё роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб кардаед ва ин роҳ шуморо ба куҷо мебарад? Ин ва дигар суолҳоро ҳар як фарди баномус ҳамарӯза бояд ба худ бидиҳад ва агар ҷавоби дурустро дарёб карда бошаду худогоҳ бошад, бояд барои раҳоии дигарон аз банди фиребу найранги нафароне ки нангу номуси инсонӣ, меҳанпарастӣ ва миллӣ надоранд кӯшиш ба харҷ бидиҳад.

      Бо сиёсати пешгирфтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ризоияти ҷомеа равона карда шудааст, Тоҷикистон рӯз аз рӯз тараққӣ ёфта, барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд замина фароҳам оварда шудааст. Пеш аз ҳама аз ҷониби давлат барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон эътибори махсус дода мешавад.   

Чунки маҳз аз камтаҷрибагӣ ва надоштани саводи кофии ҷавонон истифода бурда, гуруҳҳои ифротгаро онҳоро бо фиребу найранг ва додани пули ночиз ба доми бало гирифтор мекунанд ва бар зидди халқу ватани худ бармехезонанд. Боиси ташвиш аст, ки имрӯзҳо ҷавонони раҳгумзада, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  пайвастаанд, яроқ ба даст гирифта, ба амалҳои терористӣ даст мезананд. Мутаассифона  баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо низ дар амалиётҳои мусаллаҳона ширкат варзида, хуни бародари муъмини худро мерезанд. Ҳатто ин роҳгумзадагон оилаҳои худро низ бо худ бурда, онҳоро низ ба гирдоби бало гирифтор кардаанд. Чанде аз ин нафарон дар ҷанги бемаънии Сурия  кушта шудаанд.

       Албатта дар ин раванд натанҳо падару модар ва омӯзгор, балки ҳамаи мо гунаҳкорем. Баъдан мо бояд андеша кунем, ки барои чи ин нафарон гаравида мешаванд? Оё худи мо дар хона, мактаб, кӯча, коргоҳ аз синни кӯдакӣ сар карда, то наврасӣ, ҷавонӣ ва бузургсолиашон  онҳоро ҷудо карда, барои гаравида шудан беихтиёр замина тайёр накардаем? Сароғоз мисол меоварам аз хона. Ҳар як падару модар ба фарзанде, ки қобилияти зеҳнии хуб дорад бештар бовар карда, ҳар гуна супориш медиҳад ва баръакс ба оне ки шӯхтабиат асту ба хондан майлаш кам аст ягон корро бовар намекунад. Дар мактаб низ бештар таваҷҷуҳ ба хонандагони аълочӣ мекунанд ва дар тамоми чорабиниҳо танҳо онҳоро истифода мебаранд. Роҳбарони корхонаҳо низ кӯшиш мекунанд, ки чунин ашхосро ба кор нагиранд. Аз ҷумла онҳоеро ки бо ҷурме доғи судӣ доранду аз маҳбас озод шудаанд. Ҳамаи ин ҳолатҳо боис мешавад, ки чунин наврасону ҷавонон боварии худро гум карда, аз зери назорати падару модар, омӯзгор ва шахсони масъул мебароянд ва аз бекорӣ бо ҳамсонҳои худ мепайванданд. Аз ҳамаи ин истифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ маҳз чунинҳоро ба доми найранги худ мекашанд ва ба амну оромии кишвар, ки ба чи заҳматҳо ба даст омадааст, мехоҳанд рахна ворид кунанд.

          Мо бештари маврид бетарафиро ихтиёр мекунем. Амнияти шахсии худро фикр карда, андеша намекунем, ки амнияти мо ва фарзандони мо пеш аз ҳама аз тинҷиву оромии кишвар ва ҷомеа вобаста аст. Баъди оне ки фарзанди мо ба мусибате гирифтор мешавад пушаймонӣ  мекунем, ки чаро дар вақташ пеши ин корро нагирифтем. Чи хеле гуфтаанд «Бетарафии мо бешарафии мост».

  Абдуқаҳҳор Қосим,  шоир.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *