Хабарҳо

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

print

Дар маҷлисгоҳи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин вобаста ба таъмини амнияти давлат ва муброриза бар зидди терроризм ва экстремизм вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд.

 Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ,  идораву корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таълимӣ,  имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар ибтидо С. Ятимов иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола ироа гардида, ба сифати роҳнамо ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи кишвар пазируфта шуда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тартиб ва баҳри татбиқи он мардуми кишвар меҳнати софдилона менамоянд.

 Дар ин замина ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паём гурӯҳҳои корӣ таъсис гардида, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳо ҷараён гирифта истодааст.

Сипас, нуктаҳои асосии Паёми навбатиро вобаста ба  таҳдиду хатарҳои терроризим ва экстремизм мавриди таҳлил қарор дода, С. Ятимов  вобаста ба таъмини амнияти давлат ва мубориза бар зидди терроризм  ибрози ақида намуд.

Қайд гардид, ки ҳаракатҳот террористиву экстремистӣ, инчунин  амалиётҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳаёти орому осудаи сокинони сайёра таҳдиди ҷиддӣ дошта, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуб бетараф буда наметавонад. Зеро ин хатари глобалӣ ба амнияти ҳар як давлат хавфи ҷиддӣ дошта,  пешгирии ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Зимни суҳбат оқибати ногувори пайравии баъзе аз нафарони гумроҳро ба чунин гуруҳҳо мавриди таҳлил қарор дода, С. Ятимов илова намуд, ки алайҳи чунин созмонҳои ҷиноӣ мубориза бурда, ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб саҳми арзандаи худро гузоштан, вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *