Муҳтарам афсарону сарбозон,ҳамдиёрони азиз!
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар фазои орому осоишта, сулҳу амният ва ифтихор аз соҳибдавлативу руҳияи баланди ватандӯстӣ 26 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат муҳофизони далеру шуҷои Ватан ва тамоми сокинони шаҳри Турсунзодаро самимона табрик намуда, осмони мусаффо, рӯзгори тинҷу обод, хизмати содиқона, меҳнати сарбаландона ва муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис ёфта, роҳи душвори таърихиро тай карда, дар натиҷаи дастгириву тадбирҳои андешидаи муҳтарам Пешвои миллат устувору қавӣ гардид.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ дорои афсарони соҳибихтисос ва малакаи баланди касбӣ буда, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ мубаддал гардидааст.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ фидокориву мардонагӣ нишон додаанд.
Дар ин хусус муҳтарам Пешвои мимллат фармудаанд, ки «Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».
Аз ин лиҳоз, хотираи ҷавонмардоне, ки барои ҳифзи сарзамини муқаддас синаи худро сипар карда, оромӣ ва осоиши халқро таъмин кардаанд, ҷовидонӣ буда, намунаи ибрати ҳар як соҳибватан аст.
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Бо пешрафти ҷанбаҳои мухталифи хоҷагии халқ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз ҷиҳати таъминоти моддию техникӣ, қудрату маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ сол то сол рушду такомул ёфта, истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистони азизамонро сарбаландона ҳифз менамояд.
Артиши миллӣ рамзи шуҷоату қаҳрамонӣ ва афсарону сарбозони ҷасури меҳан таҷассумгари ҳаёти осоиштаи халқ кафили суботу оромии ҷомеа ва муҳофизони марзу буми кишвар вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро карда истодааст.
Баробари дигар ҷавонмардони Ватан садҳо нафар фарзандони бонангу номуси шаҳри Турсунзода дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҷавонмардиро адо менамоянд.
Дар ҳудуди шаҳри Тyрсyнзода ҷyзъy томҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи Миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшyнҳои сарҳадии Кyмитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойгир буда, афсарону аскарон дар ҳифзи амнияту осоиштагии кишвар қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баҳри пешбурди фаъолияти кисмҳои низомӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Муҳтарам афсарону сарбозон, Ҳамдиёрони азиз!
Бо изҳори ниятҳои нек ҳамдиёрони азиз ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Турсунзода сарбаландона хизмат намуда, баҳри ҳимояи сарзамини муқаддас сина сипар кардаанд, ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, ба Шумо дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳифзи Ватану ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа дастовардҳои беназирро орзумандам. Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!