Хабарҳо

СУҲБАТИ МУФИД

print

Санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода толор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуузур доштанд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро вобаста ба дастуру супоришҳои муҳтарам Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ва баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, ёдрас намуд.

Қайд шуд, ки Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафёбии ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта, изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

-Аз ҷумла дар соли 2018 дар шаҳри Турсунзода дурнамои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва истеҳсоли пилла иҷро нагардид. Аммо таҷрибаи кишоварзон ва ҳосилнокии заминҳои шаҳр барои гирифтани ҳосили бештар мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, кишоварзонро мебояд бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии шаҳр ва бозори истеъмолии мамлакат, бо истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва иҷрои дурнамои соҳа барои соли 2019, чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон васеъ намудани майдони кишти пунбадона, ки яке аз маҳсулоти стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз масъалаҳои муҳим  ба ҳисоб меравад, – иброз дошт М. Зокирзода.

Дар идома тибқи саволномаи қаблан пешниҳодгардида раисони ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Сешанбе ва Работ маълумот пешниҳод намуданд.

Муовини сарвазири мамлкат ҳисоботи раисони љамоатҳои деҳотро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар маҳал аз фаъолияти ҷамоати деҳот вобастагии калон дошта, масъулинро мебояд ҷиҳати иҷрои сохтори кишт ва нақшаи корҳои кишоварзӣ корро ҷоннок намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *