Хабарҳо

КАБИРӢ ҲАМХУНИ ИБРОҲИМБЕКИ БОСМАЧӢ ?

print
Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд. Мо медонем, ки номҳои машҳуртарини онҳо дар қаламрави Тоҷикистон Анварпошшо, Салимпошшо, Фузайл Махсум, Эргаш ва Иброҳимбек ва ғайра буданд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама нест кардани Ҳокимияти Шӯравӣ буд ва онҳо чӣ қадар амалҳои ғаразнокро  барои ин амалҳо истифода мебурданд ва дар натиҷа, соли 1931 охирин намоянда-сарвари дастаи босмачиён Иброҳимбек дастгир карда шуда, кушта шуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон бо сардории Сарвари муаззами худ кӯшиш карда истодааст, ки ҳамаи камбудиҳои дар солҳои 90-уми асри ХХ баамаломадаро бартараф созад, аммо як инсонҳое, ки ҳатто ба номи инсонӣ  сазовор нестанд, мекӯшанд, ки ба ҳамин шукуфоӣ бо гапҳои беасоси худ неш зада, мардумро гумроҳ созанд.

Муҳиддин Кабирӣ кӣ аст? Як шахсе, ки аз як ҷониб истода нисбати Ватани худ ақидаҳои бардурӯғ мегӯяд. Магар ин аз рӯи мардигӣ аст? Тарафдори босмачигарӣ будан аз рӯи инсонигарӣ аст? Не. Ту худ медонӣ, ки барои кадом мақсад ин гапҳои ғаразноки худро гуфта истодаӣ? Дар вақташ туро ҳамчун инсон роҳбари як ҳизб дар вақташ таъин карданд, акнун ту аз як давлати Аврупо, ки пушту паноҳ ёфтӣ, канораҷӯӣ мекунӣ. Ту чӣ кор кардӣ барои давлати худ? Ин пешравиҳоро дида истодаӣ?

Мо, тоҷикон аллакай қаҳрамони худро интихоб кардаем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ карда, Ватани азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтатарин табдил диҳем.

 

Абдуллоева А.Р., сармуаллимаи кафедраи

сиёсатшиносӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *