Нуқтаи назар

ТАШАББУСИ СОЗАНДА

print

 Тӯли се рӯз дар қатори дигар деҳаҳо дар деҳаи Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуда, гурӯҳҳои корӣ бо сокинони маҳал вохӯрӣ гузаронида, аҳолиро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву кабудизоркунӣ даъват намуданд.

Аъзои  гурӯҳи корӣ, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва “Корвони саломатӣ” аз вазъи сиҳатии пирону маъюбон ва барҷомондагон хабар гирифтанд. Пирони рӯзгордида ва беморону шахсони барҷомонда аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ хушнуд гардида, дар симои намояндагони мақомоти иҷрорияи ҳокимияти давлатӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Абдуқодир Вализода ҷиҳати амалӣ намудани татбиқи сиёсати халқпарваронаи Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ  ва дуои хайр намуданд. Иқдоми дигаре, ки шоистаи дастгириву сипос аст, аз назар гузаронидани  ҳолати муассисаҳои таълимӣ, давомоти хонандагон, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва корҳои тозагиву ободонӣ дар муассисаҳои таълимии деҳа буд.  Масъулини гурӯҳ қайд намуданд, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар мадди назари Роҳбари  давлат қарор дошта, аз волидайн ва омӯзгорон тақозо менамояд, ки ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Чуноне ки зимни ироаи Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат таъкид доштанд  “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.  Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.

    Аз ин лиҳоз, мо сокинони деҳаи Ҳамадонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар самти пешрафти соҳаи маориф  ба раиси шаҳр ва кормандони соҳа муваффақият хоҳонем ва кӯмаки худро низ дареғ намедорем. Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба табобат, таъмини кафолатҳои тиббии давлатӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби гуруҳҳои корӣ фаъолияти бунгоҳи тиббии деҳа низ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифт.

       Масъалаи дигаре ки аз ҷониби мардуми хуш пазироӣ шуд, вусъати корҳои тозагию ободонӣ, ташкил ва гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал-2019» ободониву кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳо равшаннокии кӯчаҳо ва баргузории  ҳашарҳои дастаҷамъона ба ҳисоб меравад. Чуноне ки ҳар яки мо шоҳид ҳастем  бо эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд.  Ин нуктаро низ дар Паёми имсолаи худ муҳтарам Сарвари давлат таъкид ва пешниҳод намуданд, дар мамлакат солҳи 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.  Ин пешниҳод аз ҷониби халқ мамлакат ва сокиони деҳаи мо бо хушнудӣ пазируфта шуд. Зеро мақсади ин иқдом рушди маҳал буда, дар ин бобат муҳтарам Пешвои миллт таъкид доштанд, ки:“Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.

      Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат, мо сокинони деҳа нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро дастгирӣ намуда, ҷиҳати истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрои корҳои ободониву хуррамгардонӣ, тозагии маҳалу соҳил ба раванди созандагии Ватан саҳми худро мегузорем.

АШУРОВ РАСУЛ, сокини деҳаи Ҳамадонӣ,

ҷамоати деҳоти ба номи Т. Туйчиев       

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *