Лев Рыжков. Коргардони номӣ ва фаъоли иҷтимоӣ Давлат Худоназаров – замоне муаллифи филмҳои машҳур ва замоне дар майдони сиёсат.
Ҳоло шавқи собиқ саркоргардони ҷумҳурӣ дар таҳқиқи гузаштаи мардуми тоҷик бедор шудааст. Коргардон таҳқиқотҳои торихӣ мегузаронад, мақолаҳои илмӣ менависад ва дар бораи аввалин иртиботҳои тоҷикону русҳо китоб менависад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Давлат Худоназаров мусоҳиба кард.
Мардуми кӯчаки қадимаи Тоҷикистон
Мӯҳтарам, Давлат Худоназаров! Дар бораи зодгоҳатон нақл мекардед. Медонам, ки шуғнониед…
– Миллати ман тоҷик аст, гузаштагонам низ худро тоҷик мегуфтанд. Аммо Тоҷикистон кишвари кӯҳист. Дар баландкӯҳҳои Помир ва дар дараҳои гуногун – Яғноб, Язғулом, Бартанг, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим мардум бо забонҳои гуногун сӯҳбат мекунанд.
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)
Давлат Худоназаров советский, таджикский режиссер, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)
Ин забонҳо то имрӯз хат надоранд. Онҷо то дирӯз анъанаҳои қадими тоҷикӣ ҳифз шуда буданд. Онҳо то замони мо нарасиданд, аммо дар кӯдакии ман арзи вуҷуд доштанд.
Қишлоқе, ки ман дар он таваллуд шудаам, ҳоло – шаҳри Хоруғ, маркази вилоят аст. Инҷо се дарё як мешавад, ки аз шарқ маншаъ мегираду инҷо дарёи пуртуғёни Панҷро ташкил медиҳад.
Тобистони соли 1894 ба ин ҷо таҳти роҳбарии генерал Михаил Ионов Қӯшунҳои камшумори рус ворид шуданд, ки тоҷикони хонигариҳои Ғарму Дарвозро аз ситами 11-солаи афғон наҷот доданд. Русҳо аз шарқ ба воситаи се дараи кӯҳӣ ворид шуданд, барои тамоми сокинони маҳаллӣ ин ҳодиса фараҳбахш буд.
Ҳоло ҳамшаҳриҳои ман худро помирӣ мегӯянд. Дар даврони кӯдакиям касе худро помирӣ намегуфт, мо тоҷикони пимирием, ки бо забонҳои гуногуни хеш гуфтугӯ мекунем. Дар қадим дар тамоми Осиёи Марказӣ бо ин забонҳо гап мезаданд, аммо соҳибони онҳо аз ҷониби истилогарон маҳдуд шуда, забонҳо ассимилатсия ва дар натиҷа нобуд шуданд.
ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд
– Чизе намонд?
– Танҳо яғнобӣ – нишоне аз суғдӣ ва боқимондаи забонҳои бохтарӣ ва скифӣ монданд. Барои мо омӯхтани забони русӣ нисбат ба дигар забонҳо осонтар аст. Зеро забонҳои славянӣ низ зери таъсири скифӣ монда буданд.
Калимаҳои умумӣ низ ҳастанд. Калимаи франсузии “папа” дар забони русӣ “тата” ё “тётя” аст, ба забони шуғнонӣ “тат” мешавад. Модарро дар шуғнонӣ “нан” мегӯянд, дар забони сербӣ “нана”- бибӣ ва дар забони рӯшонӣ ҳамчунин бибӣ аст. Калимаи “невеста”-и русӣ ба шуғнонӣ “навенц” мешавад.
– Агар сухан дар бораи скифҳо равад, пас шумо забони осетиниро мефаҳмед?
– Агар ҳамшаҳриҳоям ба Осетин раванд, дар як сол забонашонро ёд мегиранд. Забони осетинӣ ва забони мо аз гурӯҳи забонҳои шарқӣ-эронӣ мебошанд. Аммо мардуми мо ба якдигар таъсире нарасонидаанд.
Мову осетинҳо аз якдигар дурем. Аммо решаҳои умумӣ, ки хело қадим – сеҳазорсолаанд – ҳифз шудаанд.
Кӯҳнавардони эстонӣ ба фатҳи қуллаҳои Помир мераванд (НАВОР)
Яъне кӯҳиҳо – пораи мардуми қадимаанд?
– То ҷое, бале. 2500 сол пеш мардум дар тамоми Осиёи Марказӣ тавре дар “Шоҳнома” гуфта мешавад, зиндагӣ мекарданд, тӯрониён – мардуми шарқиву-эронӣ буданд, ки дертар аз ҷониби қавмҳои турк забт шуданд.
Одамон бо хоҳиши худ ба кӯҳ намекӯчанд. Баҳс, ҷанг, таҳаввулоти иҷтимоӣ онҳоро ба минтақаҳои дастнорас мебарад. Маҳз дар кӯҳҳо одамон кӯшиш мекунанд, ки фарҳанги худро, ки аз водиҳо бурдаанд, ҳифз кунанд.
Суҳбати Давлат Худоназар: талоши Рӯдакӣ зидди арабишавӣ то баҳси тоҷику узбак барои Сино
Насли муҳоҷирони Рӯшон, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта кӯчида буданд, тавонистанд забони ширини гузаштагони худро дар Ҷилликӯл ҳифз кунанд, дар ҳоле ки дар худи Рӯшон забон тағйир ёфтааст. Лекин фарқ ҳамагӣ 70 сол аст.
– Ба кадоме аз анъанаҳо дилатон бештар месӯзад?
– Инҷо яке аз онро номбар кардан мушкил аст. Тамоми анъанаҳо ба ҳамдигар рабт доранд. Барои ҳамин агар яке аз онҳо гум шавад, зиннати он гум мешавад. Барои ман аламовар аст, ки одамон бисёреро гум карданд, ки он бо гиромидошти табиат, чашма, рӯд, санг ва дарахт иртибот дошт.
Сад сол пеш, шикорчиёни мо чун қаҳрамонони филми “Аватар” амал мекарданд. Онҳо аз ҳайвоноти кушташуда бахшиш мепурсиданд. Танҳо дар ҳолати зарурат шикор мекарданд.
– Дуруст аст, ки дар бораи помириҳои қадим қариб маълумоте нест?
– Бале, аз торихи халқҳои Помир кам чизе боқӣ мондааст. Зеро онҳо хат надоштанд ва анъанаи қайд кардани ҳодисаҳои торихӣ набуд. Аврупоие, ки дар охирҳои асри 19 дар артиши рус хизмат кардааст, менависад, ки “мардуми нимваҳшиянд”.
Сӣ сол пеш, вақте ман ин суханҳоро хондам, ранҷидам. Аммо дертар мактубҳои дигари ӯро хонда, фаҳмидам, ки ӯ саводнокӣ – хондан ва навиштанро дар назар доштааст.
Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд
Бо ин маънӣ, ӯ ҳақ буд. Зеро дар қишлоқҳо танҳо як ва ё ду нафар метавонистанд хати арабӣ ё матнҳои форсиро хонанд. Лекин дар ҳамин вақт онҷо граф Бобринский низ сафар дошт, ки мардуми кӯҳии Панҷи болоро омӯхта буд, фарҳанги онҳоро тамаддун ҳисоб мекард, ё ба вай муносибати одамон бо одамон ё атроф муҳим буд.
– Шояд ягон анаъанаи шуғнониҳо ба русҳо монанданд?
– Бале, анъанаи пухтани блинӣ. Дар деҳаи ман низ блинӣ мепазанд. Бибии ман онро дар болои санги калону росте омода мекард.
Вақте занон дар ҳуҷрае блинӣ мепухтанд, ба мардон иҷозат намедоданд, ки ба он ворид шаванд.
– Гусели зимистон ва пешвози баҳор чӣ?
– Ин гӯё доира – аввал ва охири ҳаёт аст. Инҳо доираҳои ҳаётианд. Ҳамдеҳаҳои ман, фикр мекунам, солшуморӣ надоштанд. Барои одамоне, ки аз аз дунёи худ дар кӯҳҳо ҷудо мондаанд, чӣ фарқ дорад, ки кадом сол фаро расидааст?
Дар умум намефаҳмам, ки 1 январ чӣ ҳодиса рух медиҳад? Чигуна Соли нав аст, ки тамоми мавҷудоти зинда дар хоб аст? Наврӯз гапи дигар – шабу рӯз баробар мешавад ва маънои онро дорад, ки офтоб назар ба рӯзи гузашта равшантар мегардад.
Дар тирамаҳ низ шабу рӯз баробар мешавад ва одам бо офтоб падруд мегӯяд, пас аз он ҳар рӯз равшанӣ ва гармӣ камтар мешавад. Афсус мехӯрам, ки эҳтироми сангҳо барҳам хӯрдааст. Ҳазорсолҳо гузаштагон сангро муқаддас медонистанд.
– Онҳо сангро мепарастиданд?
– Не, албатта. Барои гузаштагон худи табиат маъбад буд. Санг бошад, чун меҳроб хизмат мекард.
Соли нав ё Наврӯз: Чаро Соли нав шукӯҳашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад
Ҳоло ба санг нигоҳ мекунӣ ва дарк мекунӣ, ки наслҳои зиёди гузаштагонат онро тавоф мекарданду, дуо; тавба мекарданду аз Худованд ҳаёти хушбахтона мепурсиданд. Санги сабур шоҳиди кушоишу азобҳои онҳо буд.
– Кай ба Тоҷикистон рафта будед?
– Ҳар сол меравам, ҳатто дар як сол ду бор сафар мекунам. Ба дидори модар ва додаронам меравам ва каме мемонам, қариб ки ба кӯча намебароям ва бо касе мулоқот намекунам.
Шаҳр хело тағйир ёфтааст. Дар бештари ҳолат ба ҷиҳати хубӣ. Барои ҳамсолони ман ҷойҳои торихӣ азизанд. Дилам месӯзад. Ман аз ин ҷиҳат кӯҳнапарастам. Хуб аст, ки боғҳои калон ва майдонҳои варзишӣ пайдо шуданд. Ҷавонон барои тамрин ва сайру гашт шароит доранд.
Ман ватани худро хело дӯст медорам.
-Ҳоло ба чӣ кор машғулед?
– Ба таҳқиқотҳои торихӣ машғулам. Мавзӯи ман “Русҳо дар замони инқилоб ва пас аз он дар Тоҷикистон” аст. Маро ин мавзӯъ доим нигарон мекард. Аввалин муносибатҳои тоҷикону русҳо бароям шавқовар аст.
Дар аввалҳои соли 80 дар бораи ташкилёбии Тоҷикистони советӣ филмҳои торихии ҳуҷҷатӣ ба навор мегирифтам. Ҳоло бошад муаррих шудаам ва кӯшиш мекунам, ки онро омӯзам.